IQNA

Ҷин чист?

22:09 - January 10, 2024
рақами хабар: 935
ИКНА - Ҷин яке аз офаридагони Худост, ки аз ҷинси оташ офарида шудааст ва шаън ва мартабааш поинтар аз инсон аст. Ин мавҷуд бо чашми инсонҳо қобили мушоҳида нест ва бо ин вуҷуд дорои таклиф ҳастанд ва дар рӯзи қиёмат низ маҳшур мешаванд.

“Ҷин” мавҷуди номрӣ барои инсонҳост. Воҷибшудани саҷда дар баробари ҳазрати Одам бар шайтон, ки аз ҷин буд (Каҳф, ояти 50) далеле бар бузургии инсон бар ҷин аст. Дар Қуръон мушаххасоти зиёде барои ҷин омада, аз ҷумла инки:

1- Мавҷуде аз ҷинси оташ аст: وَ خَلَقَ الْجَانَّ مِنْ مارِجٍ مِنْ نارٍ “Ва ҷинро аз ташъшуъе аз оташ халқ кард”. (Раҳмон, ояти 15)

2- Гурӯҳе аз онҳо муъмини солеҳ ва гурӯҳе кофиранд: وَ أَنَّا مِنَّا الصَّالِحُونَ وَ مِنَّا دُونَ ذلِكَ “Ва инки дар миёни мо, афроде солеҳ ва афроде ғайри солеҳанд” (Ҷин, ояти 11).

3- Дорои маоданд: وَ أَمَّا الْقاسِطُونَ فَكانُوا لِجَهَنَّمَ حَطَباً “Вале мунҳарифон, ҳезуми ҷаҳаннам хоҳанд буд”. (Ҷин, ояти 15).

4- Қудрати иттилоъ аз ғайб доштанд, ки баъдан барояшон мамнуъ шуд: وَ أَنَّا كُنَّا نَقْعُدُ مِنْها مَقاعِدَ لِلسَّمْعِ فَمَنْ يَسْتَمِعِ الْآنَ يَجِدْ لَهُ شِهاباً رَصَداً “Ва инки мо пеш аз ин ба истироқи самъ дар осмонҳо менишастем; Аммо акнун ҳар кас бихоҳад истироқи самъ кунад, шаҳоберо дар камини худ меёбад!” (Ҷин, ояти 9).

5- Бо баъзе инсонҳо иртибот барқарор ме‏карданд ва бо огоҳии маҳдуде, ки нисбат ба баъзе аз асрор доштанд ба фиреби инсонҳо ме‏пардохтанд: وَ أَنَّهُ كانَ رِجالٌ مِنَ الْإِنْسِ يَعُوذُونَ بِرِجالٍ مِنَ الْجِنِّ فَزادُوهُمْ رَهَقاً “Ва инки мардоне аз башар ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд, ва онҳо сабаби афзоиши гумроҳӣ ва туғёнашон мешуданд!” (Ҷин, ояти 6).

6- Бархе аз онҳо нисбат ба соири ҷинҳо қудрати зиёде доранд: قالَ عِفْرِيتٌ مِنَ الْجِنِّ أَنَا آتِيكَ بِهِ قَبْلَ أَنْ تَقُومَ مِنْ مَقامِكَ “Яке аз гарданкашони ҷин ба Сулаймон гуфт ман тахти малакаи Сабаро пеш аз онки аз ҷой бархезӣ аз сарзамини ӯ ба инҷо меоварам!” (Намл, ояти 39).

7- Қудрат бар анҷоми баъзе корҳои мавриди ниёзи инсонро доранд: وَ مِنَ الْجِنِّ مَنْ يَعْمَلُ بَيْنَ يَدَيْهِ بِإِذْنِ رَبِّهِ ... يَعْمَلُونَ لَهُ ما يَشاءُ مِنْ مَحارِيبَ وَ تَماثِيلَ وَ جِفانٍ كَالْجَوابِ “Гурӯҳе аз ҷин пеши рӯи Сулаймон ба изни Парвардигор кор ме‏карданд, ва барои ӯ маъбадҳо ва зуруфи бузурги ғизо таҳия мекарданд” (Сабаъ, ояти 12- 13).

8- Хилқати онҳо дар рӯй замин қабл аз хилқати инсонҳо будааст: وَ الْجَانَّ خَلَقْناهُ مِنْ قَبْلُ “Ва пеш аз он, ҷинро аз оташи сӯзон ва бедуд халқ кардем”. (Ҳиҷр, ояти 27)

Хурофоти зиёде дар бораи ин мавҷуд миёни мардум вуҷуд дорад; Аз ҷумла инки онҳоро бо ашколи ғариб ва аҷиб ва ваҳшатнок, мавҷудоти думдор ва сумдор!, музӣ ва пур озор, кина‏туз ва бадрафтор тавсиф кардаанд. Агар мавзӯъи вуҷуди ҷин аз ин хурофот пок шавад, асли матлаб комилан қобили қабул аст зеро, ки ҳеҷ далеле бар инҳисори мавҷудоти зинда ба ончи мо мебинем, надорем. Донишмандон ме‏гӯянд: мавҷудотеро, ки инсон бо ҳавоси худ ме‏тавонад дарк кунад, дар баробари мавҷудоте, ки бо ҳавос қобили дарк нестанд ночиз аст. То ин авохир, ки мавҷудоти зиндаи хеле кӯчак кашф нашуда буд, касе бовар наме‏кард, ки дар як қатра об, ё як қатра хун, ҳазорон ҳазор мавҷуди зинда бошад, ки инсон қудрати диди онҳоро надошта бошад. Илова бар ин донишмандон ме‏гӯянд чашми мо рангҳои маҳдудеро мебинад ва гӯши мо амвоҷи савтии маҳдудеро ме‏шнавад. Рангҳо ва садоҳое, ки бо чашм ва гӯши мо қобили дарк нест бисёр беш аз он аст, ки қобили дарк аст.

Вақте вазъи ҷаҳон, чунин бошад чӣ ҷои тааҷҷуб, ки анвои мавҷудоти зинда дар ин олам вуҷуд дошта бошанд, ки мо натавонем бо ҳавоси худ онҳоро дарк кунем. Ба ҳар ҳол аз яксу Қуръон, хабар аз вуҷуди ҷин бо вижагиҳое, ки дар боло зикр шуд додааст, ва аз сӯи дигар ҳеҷ далели ақлӣ бар нафйи он вуҷуд надорад, бинобар ин бояд онро пазируфт ва аз хурофоти авом дар ин қисмат бояд иҷтиноб кард.

Баргирифта аз тафсири Намуна, ҷ25, саҳ 154.

captcha