IQNA

Дар риштаи қироати тақлидӣ

Эъломи қоидаҳои ирсолии асар ба мусобиқоти байналмилалии "Мишкот"

18:39 - January 14, 2024
рақами хабар: 950
ИКНА - Қоидаҳои ирсолии асар ба мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Мишкот дар риштаи қироати тақлид аз сӯи дабирхонаи ин мусобиқоти мардумӣ эълом шуд.

Ба гузориши ИКНА, «севумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши мардумӣ» ба манзури нашри маорифи Қуръони Карим ва таҳкими иттиҳоди уммати исломӣ ва ҳамчунин такрими қориён ва ҳофизони ҷаҳони Ислом, тайи феврали 2024 ба сурати маҷозӣ аз сӯи муассисаи пайравони Мишкот Қуръон ва Итрат бо ҳамкорӣ ва таомули остони Қудси Разавӣ баргузор мешавад.

Бар ҳамин асос дабирхонаи мусобиқоти Мишкот, завобити ирсоли асар ба мусобиқаи байналмилалии Қуръони Мишкот дар риштаи қироати тақлидиро эълом кард; Лизо довталабони риштаи қироати тақлидӣ, ҷиҳати ширкат дар ин мусобиқа лозим аст пас аз сабтином ва такмили мушаххасот филми қироати худро аз оёти марбута забт ва дар сайти мусобиқот ба нишонаи mqmeshkat.com боргузорӣ кунанд.

Охирин мӯҳлати ирсоли асар дар ин бахш то поёни моҳи феврал эълом шудааст ва осоре, ки баъд аз ин таърих дарёфт шавад, пазируфта намешавад. Дар сурате, ки имкони боргузорӣ аз тариқи сайти мусобиқот имконпазир набуд, метавонед филми худро ба шумораи 09001680016 (бо номи mqmeshkat) дар паёмрасони Иито ирсол кунед.

Замони филми қироати ирсолӣ набояд беш аз шаш дақиқа бошад. Пеш аз забти филм бояд ном ва номи хонаводагӣ, син ва устон эълом шавад. Истиоза, бисмиллоҳ ва тасдиқи ҷузви мавориди доварӣ нест, вале муносиб аст, пеш аз қироат, истиоза ва бисмиллоҳ ва пас аз поёни қироат, тасдиқ гуфта шавад.

Филмҳои ирсолӣ дар ду марҳилаи доварӣ ва нафароти бартар барои ҳузур дар финал мушаххас хоҳанд шуд. Марҳалаи финали ин ришта ба сурати ғайри ҳузурӣ баргузор мешавад.

Манобеи озмуни риштаи қироати тақлидӣ дар марҳалаи ниҳоии ҳамон чаҳор қироати марҳалаи аввал аст ва довталабон имкони тағйири қироати худро нахоҳанд дошт. 

Забти тасвири тиловатҳо бояд сирфан ба василаи як дӯрбин, бо кодри баста ва ба сурати уфуқӣ аз намои наздик ва рӯбарӯ анҷом шавад; Ба гунае, ки чеҳраи иҷрокунанда маълум бошад.

Лозим аст тасвир аз шаффофияти лозим ва садо аз вузӯҳи кофӣ бархурдор бошад. Истифода аз системи савтӣ ва эко мамнуъ буда ва тиловат бояд ба сурати хушк забт ва ирсол шавад. Истифода аз ҳандезферӣ (наушник) барои беҳтар шудани кайфияти садо монее надорад. Файлҳои тасвирии ирсолӣ бояд фоқиди ҳаргуна эдит ва тадвин дар садо ва тасвир ва ист (stop) ё макс (pause) бошад.

Пас дар ҳангоми забти филм ба макон, манзара ва оростагии чеҳраи худ аҳамият диҳед. Дар сурати риоят накардани ширкаткунанда аз ҳар як аз ин маворид, филми ирсолӣ доварӣ нахоҳад шуд.

Филмҳои дарёфтӣ пас аз поёни мусобиқот дар фазои маҷозӣ мунташир хоҳад шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4193695

captcha