IQNA

Фоҷиаҳои Ғазза аз нигоҳи кӯдакон дар намоишгоҳи Истамбул + филм

19:49 - January 14, 2024
рақами хабар: 952
ИКНА - Намоишгоҳе аз осори ҳунарии кӯдакони Ғазза, ки дар Истамбул баргузор шудааст, бо истиқболи густурдаи боздидкунандагони дохилӣ ва хориҷӣ рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Анатолӣ, ин намоишгоҳ, ки барои ҷалби таваҷҷуҳ ба буҳрони инсонии Ғазза аз дидгоҳи кӯдакон тарроҳӣ шуда, таҳсини байналмилалиро ба ҳамроҳ дошта ва натанҳо таваҷҷуҳи мардуми Туркия балки меҳмонони хориҷӣ ва расонаҳои байналмилалиро ба худ ҷалб кардааст.

Намоишгоҳи ҳунармандони кӯдаки Ғазза ба мизбонии идораи иртибототи Туркия дар авохири декабр дар майдони Тақсим ифтитоҳ шуд.

Маҳер Зайн, хонандаи саршиноси лубнонии шветсияӣ ба ҳамроҳи Амал Самсутӣ хонанда ва таронасарои тунсӣ аз ин намоишгоҳ боздид ва ҳимояти худро аз он эълом карданд.

Дар ин намоишгоҳ таронҳҳое, ки ҳунармандон барои Фаластин сурудаанд ва ба сахтиҳое ишора мекунад, ки Фаластиниҳо бо он даст ва панҷа нарм мекунанд пахш мешавад.

Маҳер Зайн, таъсири ин намоишгоҳро сутуд. Ӯ гуфт: акнун мо инҷо дар ин намоишгоҳ ҳастем, як асари ҳунарии зебо ва метавонем бубинем, ки бисёр гӯё аст ва монанди дидани вақоеъ аз даричаи зеҳн ва чашми кӯдакони Фаластин ва Ғазза аст.

استقبال از نمایشگاه هنری استانبول درباره فجایع غزه از دیدگاه کودکان

Ин намоишгоҳ, ки аз 29 декабри гузашта оғоз шуда то 29 январ барои боздиди умуми доир аст. Токунун 200 ҳазор нафар аз он дидан кардаанд. Дар ин намоишгоҳ 266 асари ҳунарӣ ба намоиш гузошта шудааст, ки бархе аз онҳо тавассути кӯдакони Ғазза, ки дар ҳамалоти режими ҷинояткори саҳюнистӣ кушта шуданд, кашида шудаанд. Ин осори ҳунарӣ бо бахшҳои вижае, ки ба рӯзноманигорон ва пизишкон кушта шуда дар ҳамалоти ахири режими Исроил ихтисос дода шудааст, такмил мешавад.

استقبال از نمایشگاه هنری استانبول درباره فجایع غزه از دیدگاه کودکان

Ҳадаф аз ин намоишгоҳ афзоиши огоҳӣ дар ҷомеаи байналмилалӣ аз тариқи интиқоли эҳсосоти дардҳо ва шароити душвори кӯдаконе аст, ки шоҳиди ҷанг дар Ғазза будаанд. Ин намоишгоҳ шомили наққошиҳои кӯдакони Ғазза ва намоиши осор ба сурати диҷитолӣ аст.

код

https://iqna.ir/fa/news/4193642

captcha