Рӯзи 13 моҳи Раҷаб аз рӯзҳое аст, ки дар канори соири аъмоли мустаҳабӣ ва пурфазилати ин моҳ, намози вижае низ барои ин рӯз тавсия шудааст.
Ин намози вижа ду ракъат аст, ки тавсия шудааст дар рӯзи сездаҳуми моҳҳои Раҷаб, Шаъбон ва Рамазон иқома шавад. Албатта барои рӯзҳои чаҳордаҳум ва понздаҳуми моҳҳои Раҷаб, Шаъбон ва Рамазон миз намози мустаҳабӣ тавсия шудааст.
Дар хусуси кайфияти иқомаи ин намоз ва савоб ва баракоти он омадааст: мустаҳаб аст дар шаби сездаҳуми моҳи Раҷаб ду ракъат намоз иқома шавад, ки дар ҳар ракъат Ҳамд як мартаба ва сураи Ёсин, Таборак ва Тавҳид хонда шавад ва дар шаби чаҳордаҳум чаҳор ракъат яъне ду намози ду ракъатӣ ба ҳамон кайфият ва дар шаби понздаҳум шаш ракъат ба се салом ба ҳамон кайфият иқома шавад.
Дар бархе ривоятҳо омадааст ҳазрати Расули Худо (с) фармуданд: ҳар, ки дар шаби сездаҳуми моҳи Раҷаб даҳ ракъат намоз бигузорад ба ин тартиб, ки дар ракъати аввал сураҳои Ҳамд, Валодиётро як бор ва дар ракъати дувуум сураҳои Ҳамд ва такосурро як бор ва дигар ракъатро ба ингуна бихонад, Худованд гуноҳони ӯро меомурзад.
Албатта сездаҳуми моҳи Раҷаб рӯзи аввал аз Аёмул-Байз аст ва савоби бисёре барои рӯзаи ин рӯз ва ду рӯз баъд ворид шуда ва агар касе қасди анҷоми аъмоли Умми Довудро дорад бояд ин рӯзро рӯза бигирад.
Бо таваҷҷуҳ ба инки рӯзи 13 моҳи Раҷаб баробар бо мелоди пурхайр ва баракати ҳазрати Алӣ (а) аст, ҳар ончи шиаёни он ҳазрат аз хайрот дар эҳсон ва шодбош таваллуди ҳазрати Алӣ (а) анҷом диҳанд некӯст.