Олами барзах
ИКНА - Вожаи «барзах» дар асл ба маънеи чизе аст, ки дар миёни ду чиз қарор мегирад ва сипас ба ҳар чизе, ки миёни ду амр қарор гирад «барзах» гуфта шудааст. Бар ҳамин асос ба оламе, ки миёни дунё ва олами охират қарор гирифта, «барзах» гуфта мешавад. Оёти мутааддиде аз Қуръон ба вуҷуди чунин ҷаҳоне, ки гоҳе аз он таъбир ба «олами қабр» ва ё «олами арвоҳ» ёд шудааст ишора намудааст. Ояти «وَ مِنْ وَرائِهِمْ بَرْزَخٌ إِلى يَوْمِ يُبْعَثُون» "Ва дар баробари онҳо олами барзах аст то рӯзе, ки барангехта шаванд" (Муъминун/100) яке аз оёте аст, ки дар ин замина қобили таваҷҷуҳ аст.
рақами хабар: 2415 Санаи нашр : 2024/11/13
Сураҳои Қуръон / 50
Теҳрон (ИКНА) маод ё зиндагии пас аз марг, мавзӯе аст, ки дар омӯзаҳои динӣ мавриди таваҷҷуҳ ва таъкид қарор гирифтааст. Сураи Қоф яке аз сураҳои Қуръони Карим аст, ки бо ишора ба афроде, ки зиндагиро дар ҳамин дунё маҳдуд донистаанд, посухи инкоркунандагонро медиҳад.
рақами хабар: 316 Санаи нашр : 2023/08/08