Оятул Курсӣ дар миёни мусулмонон шӯҳрати зиёде дорад. Ривояте аз Расули Аллоҳ зикр шудааст, ки ояти 255 сураи Бақараро муҳиммтарин ва пурфазилаттарин ояти Қуръон медонад. Ин оят аз садри аввали Ислом машҳур ба “Оятул Курсӣ” будааст ва Паёмбар низ ҳамин иборатро ба кор бурдааст. Эҳтироми вижае ба ин оёт ба хотири маорифи дақиқ ва латифе аст, ки дар он омада, ки иборат аз тавҳиди холисе аст, ки ҷумлаи “Аллоҳу ло илоҳа илло Ҳу”, бар он далолат дорад, ва пайвастагӣ ва вобастагии тамоми номҳои илоҳӣ ба он аст:
اَللَّـهُ لَا إِلَـهَ إِلَّا هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ لَا تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلَا نَوْمٌ لَّهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ مَن ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِندَهُ إِلَّا بِإِذْنِهِ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيْءٍ مِّنْ عِلْمِهِ إِلَّا بِمَا شَاءَ وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَلَا يَئُودُهُ حِفْظُهُمَا وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ
“Худо аст, ки маъбуде ҷуз Ӯ нест; Зинда ва барподорндааст; На хоби сабук Ӯро фурӯ мегирад ва на хоби сангин; Ончи дар осмонҳо ва ончи дар замин аст, аз они Ӯст. Кист он кас, ки ҷуз ба изни Ӯ дар пешгоҳаш шафоат кунад? Ончиро дар пеши рӯи онон ва ончиро дар пушти саршон аст, медонад. Ва ба ҷуз ончи Ӯ бихоҳад, касе ба илми Ӯ иҳота намеёбад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар баргирифта ва нигаҳдории онҳо бар Ӯ душвор нест ва Ӯст волои бузург”.
Дар ин оят, шонздаҳ мартаба номи Худованд ва сифоти Ӯ матраҳ шудааст. Ба ҳамин сабаб “Оятул Курсӣ”-ро шиор ва паёми тавҳид донистаанд. «لااله الاّ اللّه» Аввалин сафҳаи шиносномаи ҳар мусулмон, аввалин шиор ва даъвати Паёмбари Ислом ва бовар ба он мояи наҷот ва растгории инсон аст. Эътиқод ба тавҳид, ҳамаи қудратҳо ва ҷозибаҳоро дар чашми инсон кӯчак ва ҳақир мекунад. Намунаи аз осори тарбияти тавҳидӣ ҳамин аст, ки мусулмонон дар баробари подшоҳон ва соҳибони қудрат саҷда намекарданд.
Маънои «Ҳаёт» дар бораи зоти Парвардгор ба ин маъност, ки фано дар он роҳ надорад. «قَیّوم» ба маънои барпои доимӣ ва ҳамаҷонибаи Худованд аст. «لاتأخذه سنةٌ و لانوم» яъне таваҷҷӯҳи Ӯ ба ҷаҳон лаҳзае дучори вақфа намешавад, Ӯ молики ҳақиқии ҳар ончи дар осмон ва замин аст, Худованд аст: له ما فى السموات و ما فى الارض.
Бидуни иҷозаи Худованд касе қудрати шафоат надорад, ки таъкиди муҷаддаде бар ягонагии Худованд дар қудрат ва иродааст. Бар ин асос ҳар навъ бут ё мавҷуде, ки битавонад ҳокимияти Худовандро тазъиф кунад, инкор шудааст. Шафоати кунанда, қудрати мустақилле дар баробари қудрати Худованд нест, балки партаве аз Ӯст ва мақоми шафоат махсуси касоне аст, ки Ӯ бихоҳад: الا باذنه.
Аз иборати “Курсӣ” набояд тасаввури ҷисмонӣ дошт, ки масалан Худованд тахте дорад, ки бар он нишастааст, балки ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, Курсӣ мартабае аз маротиби илми Худои Таоло аст. Курсӣ ҳамон илме аст, ки аҳаде наметавонад онро андозагирӣ кунад. Ин иборот нишондиҳандаи иҳотаи Ӯ бар осмон ва замин ва олами модда ва ғайри моддӣ аст, ки нигаҳдорӣ бар онҳо ва тасаллути Худованд бар онҳо аст.
Чунонки аз ҷумлаи يَعْلَمُ ما بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَ ما خَلْفَهُمْ низ илми номаҳдуде фаҳмида мешавад, ки бо вожаи Курсӣ муртабит аст. Ин мақоме аст, ки ҳол ва оянда ва тамоми чизҳое, ки дар замон ва макон ва амсоли он мутафарриқ ҳастанд, дар як макон ҷамъ ҳастанд, ва ин ҳамон илми илоҳӣ аст, ки ба курсӣ таъбир шудааст.
Калидвожаҳо: Қуръон чӣ мегӯяд, бартарини оят, Қуръон, Оятул Курсӣ, шинохти Худо.