Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз "ал-Алӯка", ин конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ дар даврони чолишҳои ҷаҳонӣ» баргузор шуд ва намояндагони созмонҳои динию илмӣ аз дохил ва хориҷи Русия дар он ширкат карданд.
Идораи корҳои динии мусулмонони Ҷумҳурии Кабардино-Балкария бо ҳамкории Бунёди пуштибонӣ аз фарҳанг, илм ва омӯзиши исломӣ, ин ҳамоишро дар чорчӯби талошҳои муштарак барои муҳофизати арзишҳои исломӣ дар баробари таҳдидҳои фикрии муосир баргузор намуд.
Дар ин конфронс зиёда аз 200 нафар ширкат доштанд, ки миёни онҳо намояндагони ташкилотҳои исломӣ ва ҷамъиятӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва бархе аз мутахассисони фиқҳу шариат низ ҳузур доштанд.
Мавзӯи аслии баҳс — роҳҳои муқобила бо таъсирҳои вайронгаре буд, ки ба арзишҳои ахлоқии ҷомеаҳо осеб мерасонанд.
Ширкаткунандагон ҳамзамон ба нақши муассир ва қавии созмонҳои исломӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар таҳкими мафҳумҳои адолат, раҳм, ростгӯӣ ва ғамхорӣ нисбат ба дигарон таъкид карданд.
Дар ҷараёни конфронс, арзишҳои ахлоқӣ ҳамчун пояи асосии паёмҳои илоҳӣ матраҳ шуда, зарурати рушди таҳсилоти динӣ ва пуштибонӣ аз таҳқиқоти илмӣ дар заминаи андешаи исломӣ ва ахлоқи муосир таъкид гардид.
Дар баёнияи поёнии конфронс, рӯйи зарурати густариши таҳқиқ дар мероси исломӣ ва тақвияти низоми таълимоти исломӣ дар Русия тамаркуз шудааст.
4310764