Ба гузориши манобеи хабарӣ, иёлати Перак дар шимоли ғарби Малайзия аз танаввӯи нажодӣ ва динии болое бархурдор аст.
Монанди соири нуқоти Малайзия, Ислом ба унвони дини аввали ин иёлат ба расмият шинохта шудааст; Пайравони соири адён низ озодона ба аъмоли динии худ мепардозанд.
Бар асоси саршумории соли 2010 Малайзия, ҷамъияти Перак шомили 55,3 дарсад мусулмон, 25.4 дарсад буддоӣ, 10.9 дарсад ҳинду, 4.3 дарсад масеҳӣ, 1.7 дарсад даоист ё пайравони дини бумии Чин, 0.8 дарсад соири адён ё ношинохта ва 0.9 дарсад ғайри мазҳабӣ буданд. Ин саршуморӣ нишон дод, ки 83.7 дарсад аз ҷамъияти чинии Перак буддоӣ ҳастанд ва ақаллиятҳои дигаре аз ҷумла масеҳӣ (9.2 дарсад) ва мусулмон (0.2дарсад) ҳастанд.
Чинитаборони мусулмони ин иёлат бо вуҷуди ҷамъияти андак ба одоб ва русуми исломӣ пойбанд ҳастанд ва ҳузури иҷтимоии фаъоле доранд. Масҷиди Муҳаммадия дар шаҳри Перак дар ин иёлат, намоди пур ҷунбу ҷуш аз танаввӯи динӣ ва нажодии Малайзия аст. Аз замоне, ки ин масҷид дар соли 2013 сохта шуд одоб ва шаоири исломӣ дар канори муносибатҳои миллии чинӣ монанди соли нави чинӣ дар онҷо баргузор мешавад.
Маркази фарҳанги исломӣ ва чинӣ
Дар нигоҳи аввал, мумкин аст тасаввур шавад, ки банои бошукӯҳе суратӣ ва курхранги ин масҷид як маъбади буддоӣ аст, аммо ин танҳо масҷиди чинии шаҳр ва дувумин масҷиди чинӣ дар кишвар пас аз масҷиди Юбилей Прак Султон Исмоил Петра дар Калантан аст. Ҳамчунин ин масҷид аввалин масҷиди Малайзия аст, ки ҳамаи аносири меъмории чинӣ дар тарроҳии он истифода шудааст.
Сохти ин масҷид тавассути анҷумани мусулмонони чинии Малайзия (Macma) ба раҳбарии Фазли Чия Абдуллоҳ матраҳ шуд.
Ин масҷид, ки бо кумаки давлати Малайзия, дар ду марҳалае сохта шуд, акнун гунҷоиши ҳазор намозгузорро дорад ва мусулмонон бо ҳар пешинае, аз ҷумла молоиҳо ва дигар нажодҳо дар он рафту омад мекунанд.
Меъмории ин бино аз тарҳҳо ва фарҳанги меъмории суннатии Чин илҳом гирифта шудааст, чизе, ки ба таври барҷаста дар тамоми бахшҳои он аз сақф, вурудиҳо ва деворҳо гирифта то тақорун ва тарроҳии намозхонаи он мунъакис шудааст.
Табақоти муртафаъ, сутунҳои бузурги сурхранг ва бурҷи сақфие, ки бо нақшҳои сабзи чинӣ тазъин шудааст, ҳамагӣ бар мунҳасир ба фард будани тарроҳии сохторӣ ва зоҳири масҷид афзудаанд.
Дарби аслии вурудӣ ба ранги сурх, ки дар ду тарафи он бо навиштаҳои чинӣ тазъин шуда ва калимаи «Масҷиди Муҳаммадия» дар болои сардари он намоди барҷастае аз ҳувияти он аст.
Фазлӣ, ки барои издивоҷ ба Ислом гиравида мегӯяд, ки ҳамаи аносири тарроҳии сохтумон, аз сақфи сабзранг то сутунҳои сурхи музайян ба ҳуруфи чинӣ, истахри моҳӣ, бедҳои маҷнун ва бомбу мунъакис кунандаи фарҳанги чинӣ аст. Вай афзуд: мо мехостем онро ба як фазои боз тақрибан монанди як боғ табдил кунем.
Дар ҳоле, ки бахши аввали масҷид ба унвони маҳалли аслии намоз тарроҳӣ шуда, бахши дуввум, ки ахиран такмил шуда барои аҳдофи омӯзишӣ ва фарҳангӣ аст. Дар инҷо ҷашнҳои муҳим ва фаолиятҳои муртабит, монанди иҷрои солона таблнавозии суннатии чинӣ баргузор мешавад.
Тақвияти ҳамзистии адён ва нажодҳо
Фазлӣ мегӯяд: корҳое аз ҷумла пухти гурӯҳии ғизоҳои чинӣ ва лаззат бурдан аз чунин рӯйдодҳо боиси тақвияти равобити иҷтимоӣ дар ҷомеа мешавад. Дар моҳи рамазон аз ғайри мусулмонон даъват мешавад то ҳамроҳ бо намозгузорон ифтор кунанд. Мо мехоҳем ин паёмро бидиҳем, ки вақте Исломро қабул мекунед, монанди ман, молоӣ намешавед. Ҳатто агар чинӣ бошед метавонед фарҳанг, арзишҳо ва мероси худро то замоне, ки арзишҳои исломии моро нақз накунад ё дар тазод бо онҳо набошад, ҳифз кунед.
Ҳофиз Наг Абдуллоҳ, муовини анҷумани мусулмонони чинии Ипу мегӯяд дар ин масҷид аз гули миллии Бунга Рия (Hibiscus) истифода кардем. Интихоби ранги сурх, сабз ва сафед барои масҷид низ мунъакис кунандаи рангҳои мавриди писанди фарҳанги чинӣ аст.
Ӯ гуфт: ин масҷид ҳамчунин мусулмононро гирди ҳам меоварад, ба вижа мусулмонони чиние, ки дар бархе мақотиъ аз рафтан ба масоҷиди дигар дучори тардид мешаванд. Вай афзуд: дарҳои масоҷид ба рӯи ҳаркасе, ки моил ба касби иттилооти бештар ва ё ҳаргуна пурсуҷӯ дар мавриди Ислом аст, боз аст. Мо ҳамчунин мехоҳем ин масҷид ба унвони як ҷозибаи гардишгарӣ дар Перак бошад. Бисёре аз тоза мусулмонҳо ва ғайри мусулмонон аз Ҷорҷтаун, Малакка ва Куала-Лумпур дар маросими ифтитоҳияи масҷид ҳузур доштанд.