IQNA

Хӯшҳолии "Карим Бензема" аз ҳамсоягӣ бо Макка

18:55 - June 16, 2023
рақами хабар: 111
Карим Бензема, бозикуни мусулмони фаронсавӣ, ки ба тозагӣ ба тими "Ал Иттиҳод"-и Арабистон пайвастааст иллати ин интихобро тавзеҳ дод.

Ба гузориши "ИКНА", Карим Бензема бозикуни мусулмони тими миллии Фаронса ба тозагӣ ба бошгоҳи "Ал Иттиҳод"-и Арабистон пайваста ва бо пироҳани шумораи 9 барои ин тим бозӣ хоҳад кард.

Ин бозикуни собиқи тими Реал Мадрид гуфт: Ал Иттиҳод тими бузурге аст ва ҳаводорони пуршӯре дорад.

Вай идома дод: чаро Арабистонро интихоб кардам? Чун ман мусулмонм ва Арабистон кишвари мусулмон аст. Ҳамчунин Криштиану Роналду инҷост, ки аз дӯстони хуби ман аст. Хеле хушҳолам, ки метавонам ӯро инҷо бубинам.

Вай идома дод: барои ман инҷо ҷое аст, ки дӯст дорам дар он бошам. Мардум шабеҳи ман ҳастанд ва дӯстам доранд. Ин ба ман иҷоза медиҳад зиндагии тозае дошта бошам ва бесаброна мунтазири шурӯъи кори ҷадиди худ дар ин кишвар ҳастам. Дӯст дорам забони Арабиро ба сурати равон сӯҳбат кунам ва ин барои ман муҳим аст.

Бензема дар идома гуфт: ман қаблан ба Арабистон сафар кардаам. Дар инҷо Макка ба мо хеле наздик аст ва ин ба унвони як фарди мусулмони мӯътақид, хеле барои ман муҳим аст. Наздикӣ ба Макка боис мешавад дар як ҳолати рӯҳии олӣ бошам.

код

https://iqna.ir/fa/news/4147676

captcha