Сураи Раъд сездаҳумин сураи Қуръони Карим аст, ки бо 43 оят дар ҷузъи сездаҳум қарор гирифтааст. Дар мавриди маккӣ ё маданӣ будани сураи Раъд ихтилофи назар вуҷуд дорад. Иддае ба хотири мӯҳтавои ин сура онро маккӣ медонанд ва иддае ба далели тартиби нузул, онро маданӣ донистаанд. Ин сура, наваду шашумин сурае аст, ки бар Паёмбар Акрам(с) нозил шудааст.
Номи сура ишора ба падидаи Раъд ба маънои ғурриши осмон дорад, ки аз он ба унвони тасбеҳи илоҳӣ ёд шудааст. Ин мавзӯъ дар ояти 13 сураи Раъд тасреҳ шуда: وَيُسَبِّحُ الرَّعْدُ بِحَمْدِهِ وَالْمَلَائِكَةُ مِنْ خِيفَتِهِ; “Ва Раъд (ва барқ ва ҳамаи қувои олами ғайб ва шуҳуд) ва ҷамеъи фариштагон ҳама аз бими (қаҳри) Худо ба тасбеҳ ва ситоиши ӯ машғуланд”. Барои ин оят чанд тафсир овардаанд; Бархе гуфтаанд Раъд нишонаи илоҳӣ аст ва нишонае аз бузургии Худованд аст ва азинру ба тасбеҳи Худованд даъват мекунад ё худаш, тасбеҳи Худоро мегӯяд. Дар тафсири дигаре баён шуда, ки манзур аз тасбеҳи Раъд ин аст, ки ҳар кас садои раъдро бишинавад, Худоро тасбеҳ мекунад. Дуоҳое низ баён шуда, ки дар вақти шунидани раъд хонда мешавад.
Ин сура ҳамчунин дар бораи тавҳид ва қудрати Худованд, ҳаққонияти Қуръон ва Набуввати Паёмбари Ислом, растохез ва васфи биҳишт ва ҷаҳаннам сухан мегӯяд. Мафоҳим ва баҳсҳои меҳварии сураи Раъд тавҳид, маод (қиёмат) ва ваҳй аст ва масоили марбут ба онро аз роҳи аҷоиби ҷаҳон ва нафси одамӣ ошкор месозад ва одамиро ба тафаккур ва тааммул дар аҳвол ва саргузашти даргузаштагон ва дарёфтани суннати ҷаҳон мехонд.
Сураи Раъд дар ҷавоби кофироне нозил шуд, ки Қуръонро ба унвони оят ва мӯъҷиза қабул надоштанд ва аз Паёмбари Ислом(с) оят ва мӯъҷиза мехостанд. Худованди Мутаол дар ин сура таъкид мекунад, Қуръоне, ки нозил шуда ҳаққ аст, ҳаққе, ки махлут ба ботил нест.
Яке аз муҳимтарин тазаккуроти Қуръони Карим ба инсонҳо ва ҷавомеъи башарӣ дар ин сура қарор гирифтааст. Онҷо, ки дар оят 11 сураи раъд тазаккур медиҳад: إِنَّ اللَّهَ لَا يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا مَا بِأَنْفُسِهِمْ: ”Худо ҳоли қавмеро тағйир намедиҳад то онон ҳоли худро тағйир диҳанд”.
Бар ин асос, Худованд неъмат ва сарнавишти ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад ва ононро азоб намекунад, магар онки масири саркашӣ ва гуноҳро дар пеш бигиранд. Суннати илоҳӣ ин аст, ки агар ношукрӣ ҷойгузини шукр ва гуноҳ ва саркашӣ ҷойгузини итоат ва пайравии Худованд шавад, хушбахтии онон табдил ба бадбахтӣ мешавад.
Калидвожаҳо: Сураҳои Қуръон, сураи Раъд, раъду барқ, нишонаҳои илоҳӣ, биҳишт ва ҷаҳаннам.