IQNA

Масҷидул-Фатҳ дар Миср ифтитоҳ мешавад

5:27 - March 21, 2024
рақами хабар: 1239
ИКНА - Масҷидул-Фатҳ  дар минтақаи Омирияи Искандария дар Миср бо гунҷоиши ҳазор намозгузор рӯзи ҷумъаи оянда ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, «Шайх Салома Абдуррозиқ Наҷм» муовини вазорати Авқоф дар Искандария гуфт: масоҳати намозхонаи ин масҷид 230 метр мураббаъ аст.

Вай хотирнишон кард: ҳазинаи кулли сохт, такмил ва мафруш кардани он наздик ба чаҳор миллион павнд буда ва гунҷоиши он ҳазор намозгузор барои хидмат расонӣ ба мардуми минтақа аст.

Муовини вазорати Авқоф дар Искандария гуфт: бо ифтитоҳи масҷиди ҷадид дар Омрия, теъдоди кулли масоҷиди таъсис ва бозсози шуда дар тӯли соли 2023 ва моҳҳои январ, феврал ва марти 2024 ба ҳудуди 38 масҷид мерасад. Ин дар ҳоле аст, ки теъдоди кулли масоҷиди Искандария дар ҳоли ҳозир беш аз 6 ҳазор масҷид ва ду ҳазор ва 600 зовия аст.

https://iqna.ir/00HeIx

captcha