IQNA

Сураҳои Қуръон / 14

Сураи Иброҳим; Таъкид бар муштарак будани аҳдофи Паёмбарони Илоҳӣ

23:10 - June 18, 2023
рақами хабар: 125
Дар сураи Иброҳим мавзӯъи рисолати Паёмбарон ба сурати ҷиддӣ матраҳ мешавад ва баёни оёт ба гунае аст, ки Паёмбар ё қавми хоссе мавриди ишора қарор нагирифта; Аз ин рӯ метавон гуфт тамоми Паёмбарон дар як масир қарор гирифта ва талошашон барои ҳидояти мардум бо як барномаи муштарак будааст.

 

 

Чаҳордаҳумин сураи Қуръони Карим ба номи “Иброҳим” номгузорӣ шудааст. Ин сура, ки 52 оят дорад ва дар ҷузъи сездаҳуми Қуръон ҷой гирифта, яке аз сураҳои макӣ аст ва ҳафтоду дувумин сурае аст, ки бар Паёмбар нозил шуда.

Иллати номгузории ин сура ба номи Иброҳим, баёни саргузашти Иброҳими набӣ аст. Ҳаркас бихоҳад ҳазрати Иброҳим(а)-ро бо муаррифии Қуръон бишносад, дар аввалин марҳала, ин сура аст, ки ӯро ба‏ сӯи худ ме‏кашонад. Сурҳ‏ое, ки танҳо бо номи Иброҳим хонда ме‏шавад, ин Паёмбари Илоҳиро бо дуоҳояш шиносондааст ва ин танҳо сурҳ‏ое аст дар миёни сурҳ‏ҳои Қуръони Карим, ки дар ёдкарди Иброҳим дуоҳои ӯро овардааст, ки ҷузви дуоҳои хосси Қуръони Карим маҳсуб мешавад.

Тамоми фазои сураи Иброҳимро мабони маърифатӣ, бинишӣ ва ақидтӣ шакл додааст ва танҳо дастур ва суфориши амалӣ барои мӯъминон марбут ба иқомаи намоз ва инфоқи ошкоро ва пинҳон аст.

Мавзӯъи асосии сураи Иброҳим, тавҳид, тавсифи қиёмат ва муҳосибаи аъмоли инсонҳост. Аллома Таботабоӣ меҳвари аслии сураро тавсифи Қуръон медонад, аз ин ҷиҳат, ки нишона ва ояте бар рисолати Паёмбар аст, ки бо он мардумонро аз зулумот ба нур ва роҳи Худои Субҳон, Худованде, ки азиз ва Њамид аст ҳидоят мекунад. Ва низ чун Хадованд бахшандаи неъмат бар ҳамагон аст бояд, ки барои саодатмандӣ даъваташро бипазиранд ва аз азобаш бимнок бошанд.

Аз дигар меҳварҳои ин сура рисолати Расулони Илоҳӣ аст, ки тибқи он, ҳамаи анбиё як ҳадафро думбол мекардаанд. Ҳаҷми қобили ‏таваҷҷӯҳе аз сура бидуни мушаххас ‏крдани Паёмбари хоссе гуфт‏угуҳо ва рӯёрӯӣ Расулон бо мухолифони эшонро ироа додааст. Усул ва мавозеи куллии Расулони Илоҳӣ ва акс‏улъамали мункирони эшон дар ин сура ҷамъ‏банди шудааст.

Дар ин сура баёни тақобул‏ҳои монанди нур ва зулмат, “Тайиба” ва “Хабиса”, қарор ва завол, сабот ва беқарорӣ гузориши мухтасаре аз сарнавишти Паёмбарони Илоҳӣ аст, ки ҳамвора бо сафи мухолифон ва мункирон мувоҷеҳ буданд.

Калидвожаҳо: Сураҳои Қуръон, 114, Иброҳими Набӣ, сураи Иброҳим, Паёмбарони Илоҳӣ, ҳазрати Мӯсо, банӣ Исроил.

captcha