Теҳрон (ИКНА) ба нақл аз "TRT", китобфурӯшиҳои атиқа дар Биритониё шомили бисёре аз китобҳои таърихӣ арзишманди марбут ба даврони Усмонӣ ва ҷаҳони Ислом ҳастанд.
Моҳи гузаштаи мелодӣ, беш аз 100 фурӯшндаи китоби қадимӣ аз саросари Биритониё ва ҷаҳон дар намоишгоҳи китобҳои камёби Лондон ҳузур пайдо карданд.
Теъдоди зиёде аз китобҳои камёби арза шуда дар ин намоишгоҳ марбут ба ҷаҳони Ислом ва даврони Усмонӣ буд.
Кейт Флечер, як китобфурӯши атиқа аз Mutch Hadham, дар шимоли Лондон, ва соҳиби китобхонаи Флечер гуфт, ки намояндаи насли севуми соҳибони ин ҳирфа аст ва ҳанӯз ҳам дар китобфурӯшие, ки падарбузургаш дар соли 1902 таъсис карда, кор мекунад.
Вай афзуд: дар миёни китобҳои таърихӣ, ки аз саросари ҷаҳон гирдоварӣ кардаам, нахустин Қуръони тарҷума шуда ба забони англисӣ ва китоби мусаввар дар шарҳи зиндагии ҳазрати Муҳаммад(с) бештарин таваҷҷӯҳро дар ин намоишгоҳ ба худ ҷалб кардааст.
Флечер хотирнишон кард, ки Қуръони тарҷума шуда ба қарни ҳабдаҳуми мелодӣ бармегардад ва дар муассисоти интишороте дар Амстердам пойтахти Нидерланд ва Лондон чоп шуда ва номи "Қуръони Муҳаммад(с)-ро бар худ дорад.
Вай бо баёни инки ин асар аз забони арабӣ ба Фаронса ва сипас ба англисӣ тарҷума шудааст, гуфт: ин асар ба унвони нахустин тарҷумаи англисии Қуръони Карим арзишманд аст.
Флечер бо ишора ба инки ин китоб дорои ду нусха, ки яке аз онҳо дар андозаи кӯчаки (ҷайбӣ) аст, гуфт: ин ду нусха аз муҳиммтарин китобҳои камёби мавҷуд дар китобхона маҳсуб мешаванд; Ин китоб дар соли 1649 дар Лондон чоп шуд; Шояд 200 нусха дар аввалин марҳила чоп шуда, ки бисёре аз онҳо осеб диданд ё аз байн рафтанд.
Яке дигар аз осори нодири маҷмӯаи Флечер, китобе мусаввар ба забони Фаронса аст, ки дар соли 1698 чоп шуда ва дар мавриди зиндагии ҳазрати Муҳаммад(с) аст.
Флечер идома дод: қимати Қуръони Карими (тарҷума шуда ба англисӣ) 2000 фунт стерлинг (2560 доллар) ва қимати китоби мусаввари зиндагии ҳазрати Муҳаммад(с) 540 фунт стерлинг (ҳудуди 692 доллар) аст.
Пиер-Ив Гилем, "Pierre-Yves Guillemet" соҳиби китобхонаи PY Rare Books мустақар дар Лондон, маҷмӯае аз китобҳои дар мавриди императории Русия ва кишварҳои минтақаро дар ин намоишгоҳ ба намоиш гузошта буд. Дар миёни китобҳои ба забони русӣ ё ба забонҳои мухталиф, наққошиҳои дар васфи мусулмонони он кишварҳо ва ҷузваҳои ҳовии иттилоот ва нақшаҳои ҷуғрофиёӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дошт. Яке аз шигифтангезтарин осоре, ки Ив Гилем дар ихтиёр дорад, маҷмӯае аз савобиқи мусаввари ҷанги Усмонӣ ва Русия дар солҳои 1877-1878 аст, ки ба ҷанги 93 маъруф аст.