IQNA

Назми таквинӣ дар Қуръони Карим

10:43 - May 02, 2024
рақами хабар: 1436
ИКНА - Қуръони Карим бо ишора ба гӯшаҳое назми азим дар хилқат саҳнаи шигифте аз гетӣ тарсим мекунад, ки инсонҳо бо тафаккури дар он аз назм ба нозим роҳнамоӣ шавад.

Таобири Қуръони Карим дар бораи назмро метавон ба ду бахши таквинӣ ва ташреӣ тақсим кард; дар табйини назми таквинӣ ба гӯшаҳое аз назми ҳоким бар ҷаҳони офариниш ишора мекунад ва ба инсонҳо сифориш мекунад, ки дар бораи он бияндешанд то ба тарроҳии забардасти он пай бибаранд; барои мисол ба назми дақиқе дар осмонҳо аз ҷумлаи ҳаракати сайёрот дар мадори муаян ишора мекунад, ки дар тӯли милюнҳо сол бо якдигар бархӯрд накарданд: «الشَّمْسُ يَنْبَغِي لَهَا أَنْ تُدْرِكَ الْقَمَرَ وَلَا اللَّيْلُ سَابِقُ النَّهَارِ وَكُلٌّ فِي فَلَكٍ يَسْبَحُونَ» ( Ёсин/ 40 ).

Дар хилқати осмонҳо низ назми дақиқ ва ҳайратангезе наҳуфтааст: «أَلَمْ تَرَوْا كَيْفَ خَلَقَ اللَّهُ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ طِبَاقًا» (Нӯҳ / 15). Калимаи Табақ ба маънои хилқати бо назм ва ҳамоҳанг аст. Иборати «Назми зариф», ки истифода аз он дар охири қарни бистум оғоз шуд, дар воқеъ ҳамин ҳақиқати мавҷӯд дар оётро ба намоиш мегузорад. Инки ҷаҳон дорои тарроҳӣ ва назми фавқалъода дар тамоми ҷузъиёташ ба сӯрати комил барои зиндагии инсон аст.

Албата Қуръони Карим танҳо ба гӯшаҳое аз ин назми азим, ки барои инсонҳо қобили фаҳм ва дар дастрас аст, ишора мекунад; аз фурӯдомадани борон ва рӯиши гиёҳон то азимати осмон, барафроштагии кӯҳҳо, вусъати хушкӣ ва дарёҳо ва тамоми шигифтиҳои офариниши мавҷӯдот ва ҳар он чи дар наздикии инсонҳо астро мисол мезанад то аз назм ба нозим роҳнамоӣ кунад: «أَفَلَا يَنْظُرُونَ إِلَی الْإِبِلِ كَيْفَ خُلِقَتْ * وَإِلَی السَّمَاءِ كَيْفَ رُفِعَتْ * وَإِلَی الْجِبَالِ كَيْفَ نُصِبَتْ * وَإِلَی الْأَرْضِ كَيْفَ سُطِحَتْ» (Ғошия 17 - 20).

Воқеият он аст, ки ин назму ҳисоби дақиқ дар ҳар чизе ба ҳамроҳи ҳикмати илоҳӣ таҷаллӣ ёфтааст. Мавҷӯдоти олам бар асоси аҳдофи муайян қадам ба арсаи ҳастӣ ниҳодаанд ва ҳар падедае маъмурият ва кори вижае бар ӯҳда дорад: «إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ» (Қамар / 49). Дар воқеъ саҳнаи гетӣ сафҳаи шигифт ва муҳайирулуқуле тарсим карда аст, ки тамоми аҷзои он аз кӯчак ва бузург дар ҷои некуе қарор гирифтаанд ва тадбири Худованди Воҳид, Ҳаким, Мудаббир ва тавоноро барои ҳар соҳиби ақл ва андеша ба намоиш гузоштаанд.

captcha