IQNA

Нишасти байналмилалии «Ирфон дар тамаддуни исломӣ» дар Сараева баргузор мешавад

22:06 - June 02, 2024
рақами хабар: 1605
ИКНА - Бо ҳамкории ройзани фарҳангии Эрон дар Босния ва Ҳерсеговина, Институти Бушниакӣ Босния ва Ҳерсеговина, маркази гуфтугӯи адён ва фарҳангҳои созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, анҷумани ирфони исломии Эрон ва донишкадаи Илоҳиёти Донишгоҳи Теҳрон, нишасти байналмилалии «Ирфон дар тамаддуни исломӣ; Таъсири мактаби ибни Арабӣ дар Балкан, Эрон ва Туркия» дар Сараева баргузор мешавад. 

Ба гузориши равобити умумии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, дар ин нишаст душанбе, 21 хурдодмоҳ бо ҳузури андешамандоне аз кишварҳои Эрон, Босния ва Ҳерсеговина, Туркия ва Македония дар Институти Бушниакӣ Сараева баргузор хоҳад шуд, пажӯҳишгарон ба баррасии таъсири ирфон дар тамаддунсозии исломӣ мепардозанд.

Дар ин нишаст, ки бо дабирии Рашид Ҳофизович, исломшиноси барҷастаи Босния баргузор хоҳад шуд, асотиди зер ба суханронӣ хоҳанд пардохт:

Муҳаммад Маҳдии Имонипур, раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ бо мавзӯъи ирфон дар Эрон ва Балкан Рашид Ҳофизович, устод тамоми донишкадаи исломии Донишгоҳи Сараева бо мавзӯъи ишқ ва маърифат аз назари ибни Арабӣ ва Абдуллоҳ Бушниак.

Фотима Таботабоӣ, мудири гурӯҳи ирфони исломии пажӯҳишкдаи имом Хумайнӣ (рҳ) ва Инқилоби Исломӣ бо мавзӯъи ҳиҷрат ва ҷиҳод, сароғози тамаддуни исломӣ (нақд орои имом Хумайнӣ (рҳ) ва ибни Арабӣ дар ин ҳавза)

Абдурраҳим Алкиш, раиси Донишгоҳи Ширнак Туркия бо мавзӯъи сиёсат аз дидгоҳи ибни Арабӣ

Маҳмуд Шайх, устоди илоҳиёти Донишгоҳи Теҳрон бо мавзӯъи тафсири пӯё ва инсонманди ибни Арабӣ аз ҳидоят дар Фусусул-Ҳикам

Ҳасан Ҷаллу, устоди илоҳиёти Донишгоҳи Скупия бо мавзӯъи ишороти асосии Ибни Сино ва ибни Арабӣ дар бораи вуҷуд ва ҳастӣ

Ҳадаф аз баргузории ин нишаст, барҷастасозии нақши ирфон дар тамаддунсозии исломӣ ва воковии зарфиятҳои эҷоди тамаддуни навини исломӣ аст.

https://iqna.ir/fa/news/4219529

captcha