Сураи Анбиё бисту якумин сура ва аз сураҳои макии Қуръон аст, ки бо 112 оят дар ҷузъи 17 қарор гирифта ва дар тартиби нузул, ҳафтоду севумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с), андаке қабл аз ҳиҷрат ба Мадина нозил шудааст.
Дар оёти 48 то 90 ин сура, номи 16 тан аз Паёмбарон овардашуда; Ҳамчунин дар мавриди Паёмбари Ислом(с) ва ҳазрати Исо(а), бидуни тасреҳ ба номашон сухан гуфта шуда, ба ҳамин далел, ин сураро “Анбиё” номгузорӣ кардаанд. Ин сура андаке пеш аз ҳиҷрати Паёмбари Ислом(с) ба Мадина нозил шуд; Дар даврае, ки аҳолии Макка дар авҷи такаббур ва бе эътиноӣ ба Паёмбар ва Қуръон буданд. Бар ҳамин асос, дар ин сура натиҷаи рафтори кофирон ва мушрикон, ки чизе ҷуз азоби шадиди илоҳӣ нест, ба тасвир кашида мешавад.
Мӯҳтавои куллии ин сура дар ду бахши куллии эътиқодот ва достонҳои таърихӣ аст. Дар бахши ақоид, ҳадафи ин сура тазаккур додан ба мардум нисбат ба ғафлати онон аз маод, ваҳй ва рисолат аст. Дар бахши достонҳои таърихӣ, бетаваҷҷӯҳии мардум нисбат ба дастурот ва тазаккуроти Паёмбаронро мавриди ишора қарор дода, ки натиҷааш хисорат ва нобудӣ аст. Аз ҷумла рафторҳои муштараке, ки тамоми Паёмбарон бо он рӯбарӯ шудаанд, бе эътиноӣ ва масхара шудан аст.
Ин сура пас аз ҳушдор додан ба мухолифони Паёмбари Ислом(с) ба саргузашти ҳазрати Мӯсо(а) ва Ҳорун(а) ва низ достони ҳазрати Иброҳим(а) мепардозад ва сипас ба моҷарои Паёмбарон Лут(а), Нуҳ(а), Довуд(а), Сулаймон(а), Аюб(а), Исмоил(а), Идрис(а) ва Зулкифл(а), Зуннун(а), (Юнус(а) ва достони ҳазрати Закариё(а) ва ҳазрати Марям(с) ишора мекунад ва саранҷом пас аз баёни ин саргузаштҳо ба ин натиҷа мерасад, ки Худованд ҳамагонро “Уммати воҳида” қарор додааст, ҳарчанд ин ваҳдат тайи замон, ба шеваҳои гуногун махдуш шудааст.
إِنَّ هَذِهِ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَأَنَا رَبُّكُمْ فَاعْبُدُونِ وَتَقَطَّعُوا أَمْرَهُمْ بَيْنَهُمْ كُلٌّ إِلَيْنَا رَاجِعُونَ؛; “Ин (Паёмбарони бузурге, ки ба онҳо ишора кардем ва пайравони онҳо) ҳама уммати воҳида буданд (ва пайрави як ҳадаф) ва ман Парвардигори шумо ҳастам, маро парастиш кунед. (Гурӯҳе аз пайравони ноогоҳ) кори худро ба тафриқа дар миёнашон кашонданд (вале саранҷом) ҳамагӣ ба сӯи мо боз мегарданд. (Анбиё, 92-93).
Дар дунёи кунунӣ иддае тасаввур мекунанд шиори Ислом мабни бар расидан ба “Уммати воҳида”, тарвиҷи Ислом ва ҳазфи соири адён аст, дар ҳоле, ки тарафдорони ҳамаи адён метавонанд бо таъкид бар иштирокоти динӣ ва низ эҳтироми мутақобил ба эътиқодот ва боварҳои динии якдигар, ба дӯр аз ҳаргуна таарруз ва нобаробрӣ, дар канори якдигар зиндагии мусолиматомезе дошта бошанд. Ҳотто бо таваҷҷӯҳ ба зиёдахоҳӣ ва қудратталабии гурӯҳҳои хос, ин иттиҳод ва ҳамдилӣ миёни пайравони адён шакл нагирифтааст, ки агар чунин мешуд, душманиҳо эҷод намешуд ва золимон ва зӯргӯён қудрат намеёфтанд. Бо ин ҳол Қуръон ин хабари хушро медиҳад, ки солеҳон ворисони замин ҳастанд ва ҳукумати адл ва баробарӣ дар замин густурда хоҳад шуд: وَلَقَدْ كَتَبْنَا فِي الزَّبُورِ مِنْ بَعْدِ الذِّكْرِ أَنَّ الْأَرْضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ الصَّالِحُونَ; “Дар ҳақиқат дар Забур пас аз Таврот навиштем, ки заминро бандагони шоистаи мо ба ирс хоҳанд бурд” (Анбиё; 105).
Калидвожаҳо: 114, сураҳои Қуръон, Паёмбарони илоҳӣ, саргузашти Паёмбарон, умамти воҳида, пайравони адён, ваҳдати адён.