IQNA

Тавоф бо вилчер + филм

17:02 - June 10, 2024
рақами хабар: 1649
ИКНА - Баргузори маносики Ҳаҷ ва тавофи Каъба барои касоне, ки бо мушкилоти ҷисмӣ мувоҷеҳ ҳастанд, бо истифода аз вилчер дар масири мушаххасе, ки дар табақаи фавқонии тавоф дарнзр гирифта шудааст анҷом мешавад.

Ба гузориши ИКНА, афроде, ки аз назари ҷисмӣ дучори мушкил ҳастанд ва ё тавоноӣ надоранд, метавонанд тавофи худро дар ҳоле, ки рӯи вилчер нишастаанд, анҷом диҳанд.

Барои ин афрод бисёр муҳим аст, ки дар ин маросим ҳушёр ва мутамаркиз бошанд ва доиман ба зикри Худо ва дуо бипардозанд.

Зоирон ва ҳуҷҷоҷи маълул ва солмандон бо истифода аз вилчер ва аз тариқи масири вижае, ки аз сӯи мақомоти масъул дар Арабистон барои онҳо дар назар гирифта шудааст, тавоф хонаи Худоро анҷом медиҳанд.

Ҳадаф аз дарнзар гирифтани ин масири вижа, фароҳам кардани муҳити солим барои маълулони ҷисмӣ ва солмандоне аст, ки қодир ба роҳрафтан нестанд. Аммо бо ин ҳол бархе афроди солим ҳам ҳастанд, ки ба баҳонаи ҳамроҳӣ кардани хешовандони худ аз ин масири вижа истифода мекунанд.

код

https://iqna.ir/fa/news/4220659

captcha