IQNA

12:09 - August 18, 2026
рақами хабар: 4970

Баргузории 25-умин мусобиқаи Қуръонии «Ал-Ақсо» дар Фаластин

Вазорати авқоф ва умури динии Фаластин аз баргузории даври 25-уми мусобиқаи ҳифз ва тафсири Қуръони «Ал-Ақсо» бо ҳузури ширкаткунандагон аз вилоятҳои гуногуни Навори Ғазза хабар дод.

Ба гузориши икно, ба нақл аз «Ал-Раъй», Вазорати авқоф ва умури динии Фаластин пас аз анҷоми раванди ворид кардани маълумоти 1863 нафар ширкаткунанда мард ва зан аз вилоятҳои гуногуни Навори Ғазза, аз поёни сабтином барои даври 25-уми мусобиқаи дохилии ҳифз ва тафсири Қуръони «Ал-Ақсо» хабар дод.

Ин иқдом пас аз сабтиноми 1863 нафар аз мардуми саросари Навори Ғазза ба манзури омодагӣ ба марҳилаи муқаддамотӣ анҷом шуд. Қарор аст ин марҳила рӯзи якшанбе бо назорати кумитаҳои тахассусии зермаҷмӯаҳои мусобиқа оғоз шавад.

Бар асоси маълумоти ниҳоии сабтиноми электронӣ, ин вазоратхона аз сатҳи баланди иштироки мардум дар ин мусобиқа хабар дода ва эълом кардааст, ки 622 нафар мард ва 1241 нафар зан дар ин рӯйдод номнавис шудаанд.

Дар риштаи аввал — ҳифзи тамоми Қуръон, 261 нафар марду зан; дар риштаи дуюм — ҳифзи 20 ҷузъ, 185 нафар марду зан; ва дар риштаи сеюм — ҳифзи 10 ҷузъ, 1417 нафар марду зан сабтином кардаанд. Риштаи сеюм аз ҳама бештар ширкаткунанда доштааст.

Бар асоси барномаи тасдиқшуда, марҳилаҳои муқаддамотӣ аз рӯзи якшанбе, 25-уми мурдод, дар дафтари марказии кумитаҳои зермаҷмӯаи назораткунандаи мусобиқа оғоз шудаанд.

Вазорати авқофи Фаластин эълом кард, ки даври 25-уми ин мусобиқа бо кумакҳои саховатмандонаи хайрхоҳони Умон ва бо ҳимояту пуштибонии маъракаи кумакрасонии фаврии «Мидод-ул-Хайр» баргузор мешавад.

Ин вазоратхона таъкид кард, ки чунин иштироки густурда баёнгари ҷойгоҳи амиқи Қуръон дар ҷомеаи Фаластин ва иштиёқи мардуми Навори Ғазза ба унс гирифтан бо китоби Худо тавассути ҳифз ва тадаббур дар оятҳои Қуръон аст; он ҳам дар шароити сахт ва истисноии минтақа.

4370044

captcha