Рӯзи ҷаҳонии тиловати Қуръон аз ёд 30 августи соли 2026 (8-уми шаҳривари соли ҷорӣ) бо ташаббуси Маркази исломии Ал-Азҳар дар Миср баргузор мешавад.
Ба гузориши икно, ба нақл аз «Садои ал-Балад», Ал-Азҳар барои бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии тиловати Қуръон, ки рӯзи 30 август баргузор мешавад, фаъолиятҳоеро ташкил мекунад. Ҳадафи ин рӯз тиловати тамоми Қуръон ё бахшҳое аз он дар як рӯз мебошад.
Ин муносибат як иқдоми солона аст, ки дар давраи қаблии он беш аз 100 ҳазор нафар аз Миср ва ҳазорон нафари дигар аз кишварҳои хориҷӣ ширкат карда буданд.
Муассисаҳои мухталиф, аз ҷумла марказҳои ҳифзи Қуръони вобаста ба Ал-Азҳар, муассисаҳои давлатӣ, Созмони ҷаҳонии хатмкардагони Ал-Азҳар, Маҷмаи таҳқиқоти исломии Миср, Донишгоҳи Ал-Азҳар ва Идораи кулли кӯдакистонҳо, инчунин муассисаҳо, марказҳо ва афрод аз саросари ҷаҳон дар барномаҳои ин рӯз ширкат мекунанд.
Ин рӯйдод танҳо тиловати якрӯзаи Қуръон нест, балки озмоиши амалӣ барои санҷиши сатҳи устувории ҳифз, қудрати ба ёд овардани оятҳо ва тавоноии тиловати пайваста мебошад. Ин барнома ба ҳар як иштироккунанда имконият медиҳад, ки самараи талошҳои қуръонии худро бубинад ва аз марҳилаи ҳифз ва такрори оятҳо ба марҳилаи тасаллут ва маҳорати комил бирасад.
Ин рӯйдод аз ду бахш иборат аст:
1. «Тиловати комил» — дар ин бахш ҳофизи Қуръон тамоми Қуръонро аз ёд дар як рӯз барои як устоди Қуръон ё дӯсти худ тиловат мекунад.
2. «Тиловати ҷузъӣ» — дар ин бахш ба иштироккунандагон иҷозат дода мешавад, ки ҳар бахше аз Қуръонро, ки қодир ба тиловаташ ҳастанд, бихонанд. Ин усул ҳамчун як равиши омӯзишӣ тавассути машқ ва такрори пайваста амал карда, иштироккунандагонро барои расидан ба марҳилаи тиловати комили Қуръон омода мекунад.
Шиори Рӯзи ҷаҳонии тиловати Қуръон «Иқраъ ва иртақ: бихон ва боло рав» мебошад. Ин шиор паёмест барои ҳамаи касоне, ки Қуръонро ҳамроҳи худ дар роҳи зиндагӣ қарор додаанд.
4370203