Қуръони Карим гурӯҳи аҳдшикан ва фосиқи яҳудиёнро аз гурӯҳи миёнарави онон тафкик мекунад (Моида: 66) ва гурӯҳи нахустро аҳли таҳриф ва дастандозӣ дар маориф ва ҳақоиқи муаррифӣ мекунад. Ба ҳамин далел касе наметавонанд дар достонҳои таърихӣ ба нақли онон эътимод кунад; Чаро ки ҳеҷ парвое аз таҳриф надоранд ва ин одати дерина мӯҷиби аз даст рафтани маорифи арзишманд шудааст: «فَبِمَا نَقْضِهِمْ مِیثَاقَهُمْ لَعَنَّاهُمْ وَ جَعَلْنَا قُلُوبَهُمْ قَاسِیَةً یُحَرِّفُونَ الْکَلِمَ عَنْ مَوَاضِعِهِ وَ نَسُوا حَظّاً مِمَّا ذُکِّرُوا بِهِ» (Моида: 13).
Худованд ба онон китоб ва набувват ва далоили равшане фиристод вале онон пас аз дарёфти дониш ва огоҳӣ, аз рӯи ҳасодат ва бартариҷӯӣ ба ихтилоф афтоданд: «وَ لَقَدْ آتَیْنَا بَنِی إِسْرَائِیلَ الْکِتَابَ وَ الْحُکْمَ وَ النُّبُوَّةَ وَ رَزَقْنَاهُمْ مِنَ الطَّیِّبَاتِ وَ فَضَّلْنَاهُمْ عَلَى الْعَالَمِینَ* وَ آتَیْنَاهُمْ بَیِّنَاتٍ مِنَ الْأَمْرِ فَمَا اخْتَلَفُوا إِلاَّ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَهُمُ الْعِلْمُ بَغْیاً بَیْنَهُمْ» (Ҷосия: 16 ва 17).
Ба таври куллӣ таҳрифи Таврот ба ду тариқи лафзӣ ва маънавӣ сурат гирифтааст. Таҳрифи лафзӣ бо костӣ, афзудан ва ҷо ба ҷои калимаҳо анҷом шуд ва таҳрифи маънавӣ, ки дар воқеъ ҳамон тафсир ва таъвили фосиди Таврот аст. Ҳатто яҳудиёне, ки назди Паёмбар меомаданд талош доштанд то бо таҳрифи суханон, дастовезе барои такзиби ишон биёбанд: «وَ مِنَ الَّذِینَ هَادُوا سَمَّاعُونَ لِلْکَذِبِ سَمَّاعُونَ لِقَوْمٍ آخَرِینَ لَمْ یَأْتُوکَ یُحَرِّفُونَ الْکَلِمَ مِنْ بَعْدِ مَوَاضِعِهِ» (Моида: 41)
Мабоҳиси динии мусулмонон низ аз дағалкориҳои яҳуд дар амон намонд. Русухи исроилёт дар фарҳанги исломӣ дар тӯли чаҳордаҳ қарн дар андеша, навиштаҳо тавонист асароти амиқе дар заминаи тафсир, таърих, калом ва фиқҳ барҷой бигузорад. Абдуллоҳ ибни Салом аз аввалин касоне, ки дар заминаи нашри фарҳанги яҳуд дар миёни мусулмонон фаъолият кард. Ваҳаб ибни Манба аз дигар касоне буд, ки дар ахбори гузаштагон дасте дошт ва иттилооти нодурустро дар ҷомеаи исломӣ ривоҷ дод. Каъбулаҳбор аз яҳудиёни Яман буд, ки баъд аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Ислом гиравид ва дунёи ҳадисро олуда ба нақлҳои бепояи худ аз кутуби яҳуд ва достонҳои Талмуд кард ва аз ин роҳ зарбаи мӯҳлике бар фарҳанги исломӣ ворид кард.