IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 26

Чаро инсон ҳамеша дар сахтӣ аст?

21:17 - July 03, 2023
рақами хабар: 178
Чаро инсон ҳамеша дар сахтӣ аст?
Инсон дар зиндагӣ сахтиҳои бисёреро таҳаммул мекунад; Чӣ дар даврони кӯдакӣ ва чӣ дар даврае, ки бузург шуда ва хонаводае ташкил додааст. Қуръон бар ин нукта таъкид дорад, ки инсон дар сахтӣ зиндагӣ мекунад ва ин сахтӣ дар зиндагиаш ҷорӣ аст, аммо ин сахтӣ барои чист?

Ояти чаҳоруми сураи Балад мефармояд: « «لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ فِي كَبَدٍ: “Баростӣ, ки инсонро дар ранҷ офаридаем”. Тибқи ин оят инсон дар кабид (ҷигар) халқ шудааст. Яке аз тавсифоте, ки дар ин маврид матраҳ шуда, ҳамин кабид будан аст. Кабид яъне ҷое, ки пур аз ранҷ ва сахтӣ аст, аслан худи таърифи дунё яъне ҷое, ки пур аз маҳдудият ва истикок аст. Яъне метавон гуфт ҷое, ки зиндагӣ мекунем саёраи ранҷ аст.

Аллома Таботабоӣ зайли ояти لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنْسَانَ فِي كَبَدٍ “Мегӯяд ин таъбир, ки хилқати инсон дар кабид аст ба мо мефҳмонад, ки машаққат аз ҳар су ва дар тамоми шъуни зиндагӣ бар инсон иҳота дорад ва ин маъно бар ҳеҷ хирадманде пӯшида нест, ки инсон дар пайи ба даст овардани ҳеҷ неъмате барнамеояд магар онки холиси онро мехоҳад, холис аз ҳар сахтӣ ва дардисаре, холис дар хуби ва покизагӣ, аммо ихтисос ва тавсифи дунё ин аст, ки ҳеҷ неъматеро ба даст намеоварад магар бо номулоимотӣ ва сахтӣ. Ба унвони мисол вақте мехоҳем як луқма ғизо бихӯрем бояд соатҳо вақт бигузорем ва ғизо дуруст кунем, вақте мехоҳем истироҳат кунем ва сарамонро рӯи болиш бигузорем бояд муддатҳо заҳмат бикашем, пул ҷамъ кунем хона бихарем ё иҷора кунем, ҳар айш ва лаззате, ки мо дар дунё мебарем қаблаш пур аз заҳмат аст, тоза он чизе, ки ба даст меоварем пур аз анвои маҳдудиятҳост.

Дарк ин оят ва таваҷҷуҳ ба ин оят ба унвони як қонун ва меъёре, ки дар олами ҳастӣ вуҷуд дорад ба мо мефаҳмонад, ки навъи башар даргирии ин сахти ҳост, чун гоҳе вақтҳо мо фикр мекунем, ки иддае вуҷуд доранд, ки дар зиндагишон ҳеҷ ранҷ ва сахтӣ надоранд, аммо интавр нест, ин олам, олами ранҷ аст, он чизе, ки мо аз лаззатҳо мехоҳем, лаззати холис ва бидуни дардисар дар як олами дигаре вуҷуд дорад, ки бо талош ва таҳаммули сахтиҳо дар ин дунё ба даст меояд. Роҳатӣ ва оромиш ва осоише, ки дар дунёи дигар мунтазири инсон аст, сахтиҳои ин дунёро зудгузар ва қобили таҳаммул мекунад. Ба таъбири дигар метавон гуфт, ҳазинаи расидан ба осоише, ки дар дунёи дигар мунтазири инсон аст, сахтиҳое аст, ки дар ин дунё таҳаммул мекунем.

Калидвожаҳо: Сахтиҳои зиндагӣ, чигунагии таҳаммули сахтиҳо, оқибати таҳаммули сахтиҳо, оромиши дунёи охират.

captcha