Ба гузориши ИКНА, Ошуро саҳнаи ҳумовардии ҷабҳаи ҳақ алайҳи ботил буд; Ҷабҳаи ҳаққе, ки сарбозонаш бо сабаби унси бо Қуръон таҳти фармони Қуръони нотиқ; Ҳусайн ибни Алӣ (а) бо басират бар ҷабҳаи торикӣ, зулмат ва бебасиратӣ ба муқобила бархостанд.
Агар чи андак шумори сипоҳи имом Ҳусайн (а) дар унси бо каломи Худо забонзад буданд ва шаби Ошуро чун аз мобайни хаймаҳояшон гузар мекардӣ, замзамаҳояшон дар ба забон овардани оёти Қуръон чунон садои занбуроне буд, ки ба кори сохтани асал машғуланд, аммо аз миёни онҳо шахсиятҳои боризеро метавон ёфт, ки аз асос унси доимӣ бо Қуръон доштанд ва пештар дар канори пешаҳое, ки ба он машғул буданд, аз онҳо ба унвони муаллим ва қорӣ ёд мешавад.
Номи шохистарини қориёни Қуръони шаҳиди дашти Карбало ба қарори зер аст:
Ҳанзала ибни Асъади Шабомӣ
Гоҳ аз насаби ӯ ба шомӣ ҳам ёд мешавад; Ӯ аз ҷумла қориёни мумтози Куфӣ аст, ки дар замони ҳузураш дар рӯзи Ошуро, 40 сола будааст. Тибқи бархе аз ақвол ду ило се рӯз пеш аз Ошуро бо гурехтан аз Куфа ва шикастани ҳалқаи муҳосираи сипоҳиёни Умари Саъд худро ба урдугоҳи имом Ҳусайн (а) расонд.
Ӯ илова бар қории Қуръон будан, муфассири Қуръон низ буда яъне ишрофи комил бар каломи ваҳй дошта ва ба ин ҷиҳат ва тасаллути ноб бар Қуръон, аз суханварӣ ва фасоҳати мисолзданӣ бархурдор буда чунонки вақте Қуръон мехонд, котиби Қуръоннавис метавонист бо такя бар қироати ӯ, Қуръонро бидуни ҳеҷ хабт ва хатое бинависад.
Аммо ӯро дар воқеаи Ошуро бештар ба унвони паёмрасон ва инки пайки имом Ҳусайн (а) будааст, мешиносанд ва ба унвони мӯътамиди имом Ҳусайн (а) ба дафаот маъмур шуд то паёми ишонро ба Умари Саъд, фармондеҳи сипоҳи Куфиён расонда ва ҳатто бо ӯ низ ба гуфтугӯ бинишинад.
Барир бин Хузайр
Номи комили ӯ "Барир бин Хузайри Ҳамдонӣ" буд; Марде аз қабилаи бани Ҳамдон, ки асолатан Яманӣ дошт ва дар Куфа ба доштани зиндагии зоҳидона шӯҳра буд ва илова бар он лаҳн ва савти зебо ва дилнишини вай дар тиловати Қуръон ва ҷаҳд ва кӯшиши ӯ дар таълими Қуръон ва маорифи исломӣ дар масҷиди ҷомеъи Куфа мӯҷиб шуда буд, ки «Сайидулқурроъ» номида шавад.
Чигунагии мулҳақ шудани ӯ ба корвони имом Ҳусайн (а) аз ин қарор аст, ки ӯ ба маҳзи шанидани хабари хурӯҷи имом Ҳусайн (а) алайҳи ҳукумати ҷоири Язид ибни Муовия, тарки хона ва Кошона кард ва худро ба Макка расонд, дар ҳоле, ки метавонист то азимати имом (а) ба Куфа дар шаҳри худ боқӣ монда ва ба корҳои рӯзмрааш бипардозад, аммо шайдоӣ ва алоқаи ӯ ба фарзанди Расули Худо (с) мӯҷиб шуд, ки ба ҷиҳати исботи ҳаққонияти Сайидушшаҳадо (а), сахтии сафарро ба ҷон бихрад ва бо вуҷуди доштани син ва соли боло сахтии роҳи ҳудудан 1500 километриро ба ҷон харид то ба имоми замонаш бирасад ва албатта ин амрро бояд ба ҳисоби дониши қуръонӣ ва ишрофи комил нисбат ба ҳаққонияти хонадони исмат ва таҳорат (а) ва дарки дурусти имоми замон донист.
Нофеъ ибни Ҳилол
Номи ӯро набояд бо шахсе ба номи Ҳилол ибни Нофеъ, ки дар сипоҳи Умари Саъд алайҳи имом Ҳусайн (а) шамшер мезад иштибоҳ кард. Нофеъ аз ҷумла ашрофи Араб, қории Қуръон ва муҳаддис буд ва бар асоси қавли бархе аз мақотил дар воқеаи Ошуро 45 сол дошт. Собиқаи муҷоҳидати ӯ ва ҷонибдорияш аз ҳақ ба ҳамроҳияш бо ҳазрати Алӣ (а) дар ҷараёни ҷангҳои сегонаи Ҷамал, Сифайн ва Наҳравон бозмегардад.
Асолати Нофеъ низ ҳамчун Барири яманӣ аст ва аз аҳолии қабилае ба номи Мазҳаҷ, ки дар Куфа сокин буданд ва ӯ аз ҳамон рӯзи дувум, ки корвони имом Ҳусайн (а) водари Карбало шуд ба ишон мулҳақ шуд ва дар боби ҳаққонияти имом Ҳусайн (а) ба дафаот ба ироди сухан дар баробари сипоҳи Умари Саъд низ пардохт.
Ӯ илова бар зӯҳду тақво ва унсе, ки бо Қуръон дошт, шуҷоъ ва ҷанговар низ буд, ба ҳамин далел замоне, ки ҳазрати Аббос (а) аз сӯи имом Ҳусайн (а) маъмурият ёфт то барои овардани об ба шариъа бибарад, Нофеъ парчамдори гурӯҳи сӣ нафара барои ин манзурро ба ӯҳда дошт ва ӯ нахустин касе буд, ки бо Амр ибни Ҳуҷҷоҷ фармондеҳи саворони ҳоили об мувоҷеҳ шуд ва ба сабаби ҷанговарӣ ва далерии ӯ дар мақтаъе тавонистанд ҳалқаи муҳосираи обро шикаста ва миқдоре об ба Хайёми имом Ҳусайн (а) бирасонанд.
Абдураҳмон ибни Абдурраббаи Ансорӣ
Вай аз саҳобии Паёмбар (с) ва ҳазрати Алӣ (а) буд ва бар ин асос дар воқеаи Ошуро, 70 сол син дошт. Аз ҳамон ибтидо иродати хоссе ба соҳати хонадони Аҳли байт (а) дошт, аммо муҳиммтарин воқеае, ки ба ин мизон иродат сиҳҳа мегузорад, «Рӯзи Раҳба» аст; Рӯзе, ки дар он Амиралмуъминин Алӣ (а) дар муқобили масҷиди Куфа мардумро хитоб қарор дода ва гуфт: Ҳар он кас, ки дар Ғадири Хум ҳузур дошт ва ба чашм ва гӯши худ дид ва шунид, ки Паёмбар (с) маро ба ҷонишинӣ ва вилояти мардум интихоб кард, ҳозир шавад ва иқрор ва шаҳодат диҳад, ки аз он миён танҳо 10 нафар ба ин мавзӯъ иқрор ва шаҳодат доданд ва яке аз онҳо ишон Абдураҳмон ибни Абдурраббаи Ансорӣ буд.
Аз ҷумла нукоти муҳим дар зиндагӣ ин чеҳраи матраҳ дар воқеаи Карбало, ки ба унвони қории Қуръон ва муҳаддис матраҳ аст, инки ӯ мустақиман дар маҳзари имом Алӣ (а) Қуръон, қироат ва тафсири онро омӯхтааст.
Вай ба ҳамроҳи Барир ибни Хузайр аз ҷумла нахустин касоне буданд, ки дар шаби Ошуро иштиёқи зиёде аз худ барои шаҳодат дар роҳи имом Ҳусайн (а) нишон доданд ва замоне, ки Барир дар ҳоли базлагуӣ ва мазоҳ буд, Абдурраҳмон ба ӯ мегӯяд, ки алон вақти базлагуӣ ва мизоҳ нест ва бояд фикри кори фардо ҳам бошем, ки Барир дар ҷавоб мегӯяд мо фардо бо чизе рӯбарӯ мешавем, ки фосилаи мо то биҳишт ҳаминҳо ҳастанд ва мақотил гувоҳи он аст, ки Абдурраҳмон аз ҷумла афроде аст, ки дар дақоиқи нахустини ҷанг ба файзи шаҳодат ноил мешавад.
Ҳабиб ибни Мазоҳир
Ӯ аз зуамои Куфа буд ва унси дерин бо Қуръон дошт ва дар Куфа маҳофили мутааддиди қуръонӣ дар хонаи хеш ва дар масҷиди Куфа доир мекард. Асолатан аз қабилаи Бани Асад буд, ки собиқаи дурахшоне дар ҳубби ба хонадон исмат ва таҳорат доштанд; Бархе синни ӯро дар ҷараёни воқеаи Ошуро 75 ва бархе то 90 сол низ зикр кардаанд дар натиҷаи ӯ даврони Паёмбари Исломро дарк карда буд ҳар чанд, ки ба мулоқоти бо ишон ноил нашуда буд ва ба ҳамин далел бино бар гуфтаи бархе коршиносон дар зумраи саҳобии он ҳазрат маҳсуб нашуда ва аз тобеин ба шумор меравад.
Ӯ аз ҷумла бузургони Куфа буд, ки дар пайи марги Муовия барои имом Ҳусайн (а) нома навиштанд ва ишонро барои қиём бар зидди амавиён ба куфа даъват карданд ҳар чанд, ки яке ҳамчун Ҳабиб ба аҳди худ вафодор монд ва дигарон чун Сулаймон ва Рафоъа даст аз ёрии имом Ҳусайн (а) бардоштанд. Ҷавоби номаи имоми замон ба дасти Ҳабиб мерасад, ки Муслим ба шаҳодат расидааст; Куфа дар муҳосира аст ва ӯ бояд махфиёна худро ба урдугоҳи имом Ҳусайн (а) бирасонад, ки ин корро шабона ва ба иттифоқи Муслим ибни Авсаҷеъ анҷом медиҳад ва онҳо дар рӯзи ҳафтуми Муҳаррам ба назди имом Ҳусайн (а) мерасанд.
Ӯ дар лаҳзаи дидор бо имом Ҳусайн (а) мутаваҷҷеҳ мешавад, ки мардони ҷангии ишон андак аст ва лизо аз имом Ҳусайн (а) хост то бо муроҷиа ба қабилааш, ки дар наздикии дашти Карбало сукунат доштанд онҳоро низ ба ёрӣ биталабад, ки бо мувофиқати имом (а) ин корро анҷом дод, аммо Умари Саъд бо фиристодани нафароте монеъ аз пайвастани онҳо ба имом Ҳусайн (а) шуд.
Язид ибни Ҳасини Ҳамадонӣ
Ҳузури ӯ дар воқеаи Ошуро боби сирате буд он ҳам ба воситаи унси бо Қуръон ва омӯзаҳои Қуръон, ки солҳо дар амри қироати он кӯшо буд. Ибни Ҳасин дар Куфа ба зӯҳд ва тақво, қироат ва омӯзиши Қуръон машғул буд ва аз ҷумла касоне буд, ки ба маҳзи вуруди Муслим ибни Ақил ба Куфа бо сафири имом Ҳусайн (а) барои ҳамроҳӣ бо он ҳазрат, байъат кард ва бар ин паймон вафодор монд ҳар чанд, ки бисёре ҳузури ӯ дар Карбалоро дучори ташкик мекунанд, аммо зикри номи ӯ дар зиёрати ноҳия долли бар ин амр аст, ки дар ҷамъи шуҳадои Карбало ҳузур доштааст.
Ибни Ҳасин ба воситаи иртиботе, ки бо Қуръон ва мутуни адабиёти Араб дошт, аз фасоҳат ва балоғат бархурдор буда ва сареҳуллаҳҷа будан аз ҷумлаи хусусиёти ӯ маҳсуб шудааст. Ба ҳамин хотир пешниҳод музокира бо Умари Саъд барои онки ҳоили обро бардоранд ба имом Ҳусайн (а) дода ва пас аз мувофиқати имом шахсан рӯ дар рӯи Умари Саъд қарор мегирад.