IQNA

Мабонии қуръонии қиёми имом Ҳусайн (Алайҳиссалом)

Таҷаллии оёти Қуръон дар қиёми имом Ҳусайн (Алайҳиссалом)

21:08 - July 22, 2024
рақами хабар: 1857
ИКНА - Ёёти бисёре дар Қуръони Карим вуҷуд доранд, ки бо шахсияти имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) ва лояҳои маъноии қиёми Ошуро иртибот доранд.

Дар сураи Буруҷ, Худо аз шуҳадо таҷлил мекунад ва аз сангдилӣ интиқод мекунад. Қуръон дар ин сура мефармояд: «قُتِلَ أَصْحابُ الْأُخْدُود» (Буруҷ/ 4). Ин идда номардоне буданд, ки муъмининро гирифтанд, дар дарра рехтанд ва сӯзонданд. Баъд болои дарра сӯхтани муъмининро тамошо карданд. Қуръони Карим мефармояд марг бар инҳо, ки инқадр сангдил буданд. Ба ҷурми имон, инҳоро сӯзонданд ва нишастанд нигоҳ карданд. Ба таваҷҷуҳ аз ин оят Қуръон нақли равзаи мазлумияти аҳли имон ва лаъни золимон муҷоз аст.

Қуръони Карим мефармояд: «وَ سَیَعْلَمُ الَّذینَ ظَلَمُوا أَیَّ مُنْقَلَبٍ یَنْقَلِبُونَ» (Шуаро/227). Яъне дар ояндаи золимин хоҳанд фаҳмид, ки сарнавишташон чӣ ҳаст? Онон хоҳанд фаҳмид чӣ карданд ва бо чӣ касе ҷангиданд. Як мисдоқи ин оят ривояти Карбалост.

Аз сӯи дигар Қуръони Карим дар ҷои дигар мефармояд: «إِنَّا لا نُضیعُ أَجْرَ الْمُصْلِحین‏» (Аъроф/ 170) Мо подоши афроди муслеҳро зойеъ намекунем. Имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) ҳар чӣ дошт барои Худо дод, худо ҳам ҳар чӣ авҷи камол аст ба имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) дод. Дар ояти дигаре мехонем: «وَ الصَّابِرینَ فِی الْبَأْساءِ وَ الضَّرَّاءِ وَ حینَ الْبَأْس‏» (Бақара/ 177) Хдованд ситоиш мекунад аз афроде, ки дар баробари ҳар навъ сахтӣ сабр мекарданд. Ҳамаи сахтиҳо дар Карбало буд ва ҳама ҳам сабр карданд.

Қуръони Карим ба Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мефармояд: «وَ رَفَعْنا لَکَ ذِکْرَک‏» (Шарҳ/ 4), яъне Эй Расули мо, мо номи туро баланд мекунем. Номи ҳазрат дар ҳамеша таърихи баландовоза шуд. Ин рафъат мақоми ба имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) низ расидааст ва дар гӯша гӯшаи олам парчами имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) баланд аст. Дар айёми Муҳаррам даҳҳо ҳазор ҷаласа ба по мешавад, мардум бо Қуръон ва Ислом ошно мешаванд, таблиғ мешавад, назар дода мешавад, гуруснаҳо сер мешаванд, ёди мазлум меафтанд, алайҳи золим фарёд мезананд, инҳо ҳамагӣ баракати Ҳусайнӣ аст.

Қуръони Карим аз ҳазрати Исо (Алайҳиссалом) нақл мефармояд: «وَ جَعَلَنی‏ مُبارَکاً أَیْنَ ما کُنتُ» (Марям/ 31); Яъне Худованд ҳар ҷо, ки бошам бисёр бобаракат қарор додааст. Ҳамонгуна, ки вуҷуди мубораки Паёмбари Ислом (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) чунин буд, имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) ва Карбало низ бисёр пурбаракат шудааст. Фикри Ҳусайнӣ, ахлоқи Ҳусайнӣ, азодориҳои Ҳусайнӣ, таблиғоти Ҳусайнӣ, ҳамаи инҳо ба баракат ва фурсати бузург барои нашри Исломи ноб табдил шудааст.

Қуръони Карим мефармояд: «رَضِیَ اللَّهُ عَنْهُمْ وَ رَضُوا عَنْهُ» (Моида/ 119) Худо аз инҳо розӣ аст, инҳо ҳам аз Худо розӣ ҳастанд. Мисдоқи олии ин гурӯҳи имом Ҳусайн (Алайҳиссалом) аст, ки дар сахттарин шароит дар қатлгоҳ гуфт: «الهی رضاً برضاک», ман розӣ ҳастам.

captcha