Қуръони Карим гурӯҳи аҳдшикан ва фосиқи яҳудиёнро аз гурӯҳи миёнарави онон тафкик мекунад: «مِنْهُمْ أُمَّةٌ مُقْتَصِدَةٌ وَكَثِيرٌ مِنْهُمْ سَاءَ مَا يَعْمَلُونَ» (Моида: 66) ва барои гурӯҳи нахуст вижагиҳои манфӣ бисёре дар тӯли таърих нақл мекунад. Аз ҷумла ин вижагиҳо нашри акозиб ва дурӯғпардозӣ нисбат ба Паёмбар аст. Дар саросари китоби «Ғазали ғазалҳои Сулаймон», ибороти ошиқона ва баъзан мустаҳҷане ба ҳазрати Сулаймон нисбат дода шуда, ки садои Вил Дуронт ҳам даромадааст. Ӯ дар таърихи тамаддуни худ менависад: Вуҷуди он ғазалҳои ишқӣ дар Таврот худ муаммои дилрабое аст! Мо намедонем чигуна уламои дин ғофил монда ё худро ба ғафлат задаанд ва иҷоза додаанд, ки ин ғазалҳо бо он ҳама авотифи шаҳавонӣ дар он китоб дарҷ шавад.
Мухолифат бо фаромини илоҳӣ, сохтани буткада ва мунҳариф гаштан аз Яҳува (аввали подшоҳон 11: 1 – 9; Аввали таворих 22: 9 – 10) аз дигар тӯҳматҳои дурӯғ ба ҳазрати Сулаймон аст. Дар Қуръони Карим нисбат куфр ва соҳирӣ ба ҳазрати Сулаймон(а), ки тавассути яҳудиён матраҳ шуда буд, баён ва рад шудааст: «وَ مَا کَفَرَ سُلَیْمَانُ وَ لکِنَّ الشَّیَاطِینَ کَفَرُوا یُعَلِّمُونَ النَّاسَ السِّحْرَ» (Бақара: 102). Ҳамчунин оёти зиёде дар ситоиши ҳазрат вуҷуд дорад; Аз ҷумла ин ишон бандаи хуб ва аввоб (бисёр тавбакуннда) буда: «وَ وَهَبْنا لِداوُدَ سُلَیمانَ نِعْمَ العَبْدُ إِنَّهُ أَوّابٌ» (саҳ, 30), ки ба илм ва ҳикмат: «وَلَقَدْ آتَینا داوُدَ وَ سُلَیمانَ عِلْماً وَ قالا الْحَمْدُلِلَّهِ الَّذِى فَضَّلَنا عَلى کثِیرٍ مِنْ عِبادِهِ المُؤْمِنِینَ» (Намл: 15) ва ҳусни оқибат ва мақоми воло назди Худованд сутуда шудааст: «وَ إِنَّ لَهُ عِنْدَنا لَزُلْفى وَ حُسْنَ مَآبٍ» (саҳ: 25).
Намунаи дигар аз нисбатҳои дурӯғ ба Паёмбарон, мавриде аст, ки дар бораи ҳазрати Исҳоқ(а) гуфта шудааст: Ишон ба далели пайравӣ ва нобиноӣ тавассути фарзанди ҳазрати Яъқуб(а) фиреб мехӯрад ва дар поён баракат ва нубувватро иштибоҳӣ ба вай мунтақил мекунад. (Пайдоиш /27- 1 то 40).
Намунаҳои фаровоне аз иттиҳомоти шанеъ ба Паёмбарон дар Таврот нақл шудааст; Тӯҳмати беғайратӣ ба ҳазрати Иброҳим (Пайдоиш 12: 10 – 19), такрори ҳамин иттиҳом ба Исҳоқ, ки ҷолиб аст бо маломати подшоҳи Фаластин мувоҷеҳ мешавад (Пайдоиш 26: 6-10), Лут ва тӯҳмати шаробхорӣ ва духтарон! (Пайдоиш 19: 30 – 36), достони шурби хамри Нӯҳ! (Пайдоиш 9: 20 – 24) ва зикри гуноҳони мутааддид барои ҳазрати Довуд (а) (дувум самуъил, 11: 2 -5 ва 27, дувуми самуъил, 27: 11) ҳама аз ҷумла нисбатҳои нораво ва аҷибе аст, ки ақл аз фаҳми далели нақл ин рафтори Паёмбарон дар китоби Худо оҷиз мемонад. Китобе, ки бояд саргузашти фиристодагони илоҳиро барои ҳидояти мардум нақл мекунад, рафторҳои ғалат ва куфромез аз онон ривоят мекунд.