IQNA

Яҳуд дар Қуръон / 12

Қавмиятгароӣ дар баробари каромати тақво

20:45 - August 11, 2024
рақами хабар: 1966
ИКНА - Дар ҳоле, ки гурӯҳе аз яҳудиён бо эътиқод ба бартари нижодии миллати яҳуд дар баробари рафтори худ посухгӯ нестанд, Қуръони Карим бо нафйи тамоми табъизҳои нажодӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, тақворо милоки фазилат муаррифӣ мефармояд.

Қуръони Карим гурӯҳи аҳдшикан ва фосиқи яҳудиёнро аз гурӯҳи миёнарави онон тафкик мекунад: مِنْهُمْ أُمَّةٌ مُقْتَصِدَةٌ وَكَثِيرٌ مِنْهُمْ سَاءَ مَا يَعْمَلُونَ (Моида: 66) ва барои гурӯҳи нахуст вижагиҳои манфии бисёре дар тӯли таърих нақл мекунад. Аз ҷумла ин вижагиҳо эҳсоси нажодпарастии (Racism) ва миллигароӣ (Nationalism) аст. Леон Саймон муҳаққиқи барҷастаи яҳудӣ мӯътақид аст: Оини яҳуд бар хилофи масеҳият ба ҳеҷ ваҷҳ растгории рӯҳи фардро бишорат намедиҳад, ҳамаи идаҳо ва мафоҳими яҳудият бо ҳастии қавм яҳуд, гиреҳ хӯрдааст. (Ҳунари фаврд, яҳуди байналмилал).

Қуръони Карим иддаоҳои дурӯғин дар заминаи бартари нажодии миллати яҳуд ва инки онҳо тофтаи ҷудо бофтаандро тарҳ ва нақд мекунад; Аз ҷумла инки мо фарзандон ва маҳбубони Худо ҳастем: نَحْنُ أَبْناءُ اللَّهِ وَ أَحِبَّاؤُهُ (Моида, 18), касе вориди биҳишт намешавад магар онки яҳудӣ бошад: لَنْ يَدْخُلَ الْجَنَّةَ إِلَّا مَنْ كانَ هُوداً (Бақара, 111) ва ҳатто гунаҳкоронашон низ фақат чанд рӯзе кайфар ва муҷозот мешаванд: وَقَالُوا لَنْ تَمَسَّنَا النَّارُ إِلَّا أَيَّامًا مَعْدُودَةً (Бақара: 80).

Қуръони Карим ин иддаоҳоро ба равишҳои гуногун нақд мекунад: барои мисол мепурсад, ки оё онон ҳуҷҷат ва аҳде аз ҷониби Парвардгор доранд ё онки сирфан онро ба Худо нисбат медиҳанд: قُلْ أَتَّخَذْتُمْ عِنْدَ اللَّهِ عَهْدًا فَلَنْ يُخْلِفَ اللَّهُ عَهْدَهُ أَمْ تَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ مَا لَا تَعْلَمُونَ (Бақра: 80). Ё виҷдони ононро гувоҳ мегирад, ки агар саодати охират ба шумо ихтисос дорад, орзӯи марг кунед: قُلْ إِنْ كَانَتْ لَكُمُ الدَّارُ الْآخِرَةُ عِنْدَ اللَّهِ خَالِصَةً مِنْ دُونِ النَّاسِ فَتَمَنَّوُا الْمَوْتَ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ (Бақара: 94).

Эътиқод ба бартарии нажодӣ яке аз далоили посухгӯ набудани он дар баробари амонатҳои дигарон аст. Қуръони Карим мефармояд: وَمِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ مَنْ إِنْ تَأْمَنْهُ بِقِنْطَارٍ يُؤَدِّهِ إِلَيْكَ وَمِنْهُمْ مَنْ إِنْ تَأْمَنْهُ بِدِينَارٍ لَا يُؤَدِّهِ إِلَيْكَ إِلَّا مَا دُمْتَ عَلَيْهِ قَائِمًا (Оли Имрон: 75). Ин оят мефармояд, ки бархе аҳли китоб ҳатто дар баробари як динор хиёнатро раво намедоранд ва баъзе дигар шутурро бо бораш мебалъанд. Далели ин рафтор он аст, ки ذلِكَ بِأَنَّهُمْ قالُوا لَيْسَ عَلَيْنا فِي الْأُمِّيِّينَ سَبِيلٌ وَ يَقُولُونَ عَلَى اللَّهِ الْكَذِبَ وَ هُمْ يَعْلَمُونَ‌ (Оли Имрон: 75); Яъне онон бовар доштанд, ки дар бораи ғайри аҳли китоб (уммийин) ҳарчи кунем бар мо гуноҳе нест.

Бинобар ин барои ин гурӯҳ аз яҳудиён, қавмгароӣ ифротӣ ва миллигароӣ ба масобаи дини осмонӣ талаққӣ шудааст. Бархилофи «Қуръон», ки тамоми табъизҳои нажодӣ, ҳизбӣ, қавмӣ, қабилаӣ, иқлимӣ, иқтисодӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва низомиро мардуд мешуморад ва милоки фазилат ва кароматро парҳезкорӣ муаррифӣ мефармояд: «يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَى وَ جَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَ قَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَاللَّهِ أَتْقَاكُمْ00 (Ҳуҷурот: 13). Дар ин оят ба тартиб се асли муҳим ишора шудааст: асли мусовот дар офариниши зан ва мард, асли тафовут дар вижагиҳои башарӣ ва ин асл, ки тақво милоки бартарӣ аст.

captcha