Ба гузориши ИКНА, ҳамзамон бо шаби реҳлати ҷонсӯзи набии акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва шаҳодати имом Ҳасани Муҷтабо (а) тарҳи «Раҳматул-лилъоламин» аз сӯи маркази умури қуръонии остони Қудси Разавӣ баргузор мешавад.
Ин тарҳ ба қироати ҷамъии сураи муборакаи Муҳаммад (с) ва эҳдои савоби он ба соҳати қудсии Паёмбари Аъзам (с) ихтисос дорад ва замони иҷрои он имрӯз якшанбе баъд аз намози мағриб ва ъишо хоҳад буд.
Тарҳи қироати ҷамъии сураи муборакаи Муҳаммад ба сурати ҳамзамон дар ҳарами мутаҳҳари разавӣ ва масоҷиди мунтахаби сатҳи кишвари Эрон баргузор мешавад.