IQNA

Ифтитоҳи истгоҳҳои қуръонӣ дар Наҷаф ба муносибати 28 сафар + акс

19:27 - September 02, 2024
рақами хабар: 2055
ИКНА - Маҷмаъи илмии Қуръони вобаста ба остони муқаддаси Аббосӣ ба муносибати 28 сафар, чаҳор истгоҳи тасҳеҳи қироати сураҳои кӯтоҳи Қуръон дар масирҳои мунтаҳӣ ба шаҳри Наҷафи Ашраф ифтитоҳ кард. 

Ба гузориши веб-сайти шабакаи ҷаҳонии Кафил, муассисаи қуръонии вобаста ба маҷмаъи илмии Қуръони остони муқаддаси ҳазрати Аббос (а), ба муносибати 28 сафар (солрӯзи вафоти Набии Мукаррами Ислом (с)) истгоҳҳои қуръонӣ дар масирҳои мунтаҳӣ ба шаҳри Наҷафи Ашраф роҳандозӣ кардааст.

Сайид Аҳмад Зомилӣ, масъули воҳиди тиловати муассисаи қуръонии остони Аббосӣ дар ин бора гуфт: Беш аз 30 устод дар ин истгоҳҳои қуръонӣ, тасҳеҳи қироати сураҳои кӯтоҳи Қуръонро ба зоирони боргоҳи мутаҳҳари Алавӣ омӯзиш медиҳанд ва ба пурсишҳои динӣ ва эътиқодии онҳо посух медиҳанд.

Ёдоварӣ мешавад, маҷмаъи илмии Қуръони остони Аббосӣ дар зиёратҳои миллионии атаботи муқаддасаи Ироқ фаъолиятҳои мутанаввеъе баргузор мекунад, ки тасҳеҳи қироати сураи Фотиҳа ва сураҳои кӯтоҳи Қуръон аз ҷумлаи ин фаъолиятҳо аст.

 

https://iqna.ir/fa/news/4234625

captcha