IQNA

Тадовуми фаъолиятҳои қуръонӣ дар Ғазза бо вуҷуди ҳамалоти мустамарри режими саҳюнистӣ + филм

10:12 - September 04, 2024
рақами хабар: 2057
ИКНА - Бо вуҷуди тадовуми ҳамалоти сангини режими саҳюнистӣ ва тахриби густурдаи зерсохтҳо дар Навори Ғазза, ҳалқаҳои ҳифзи Қуръон дар ин минтақа ҳамчунон ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Фарос Абушарх, рӯзноманигори фаластинӣ ривояти беш аз 100 ҳофизи Қуръони Карим дар Ғаззаро бо вуҷуди таҷовузти мустамар ба ин шаҳр мустанад мекунад.

Ба гуфтаи вай баъд аз беш аз 300 рӯз аз оғози ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ва баъд аз кушторҳои бисёр аз мардуми ғайринизомӣ дар Ғазза, марокиз ва ҳалқаҳои ҳифзи Қуръон ҳамчунон дар ин минтақа фаъолият мекунад. Абушарх дар гузориши тасвирии худ фаъолияти 100 ҳофизи Қуръони зан ва мардро мустанад мекунад, ки дар маркази шаҳри Хон Юунс дар ҳоли омӯзиш ва ҳифзи Қуръон ҳастанд.

Аз ибтидои амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо, режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико ҷанги вайронгарро алайҳи мардуми Ғазза ба роҳандохта ва беш аз 132 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва захмӣ шудаанд. Дар ин ҷанг илова бар тахриби густурда ва гуруснгӣ, ки ҷони садҳо кӯдаки фаластиниро гирифта ва яке аз бадтарин фаҷойеъи инсонӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, беш аз 10 ҳазор фаластинии дигар ҳам мафқуд шудаанд.

Аз ҳафтуми октябри 2023 токунун, Телавив миллиардҳо доллар таҷҳизоти низомии мухталиф аз Амрико дарёфт кардааст. Бар асоси эъломи вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ, ин таҷҳизот шомили новгони ҷадиди ҷангандаҳои Аф-35, танк, матори худравҳои зиреҳӣ, худравҳои ҷангӣ ва ҳазорон тон таҷҳизоти низомии дигар мешавад. 

Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ҳамчун Англис, бо нодида гирифтани 2 қатъномаи Шӯрои амният барои мутаваққиф кардани фаврии ҳамалоташ ба Навори Ғазза ва низ дастуруламалҳои девони байналмилалии додгустарӣ дар бораи лузуми иттихози тадобир барои ҷилавгирӣ аз наслкшӣ ва талош барои беҳбуди шароити инсонӣ дар Ғазза, ба ҳамалоти худ идома медиҳад.

Пештар вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза эълом кард шумори қурбониёни амалиёти режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза аз ҳафтуми октябри 2023 ба 40 ҳазор ва 786 шаҳид ва 94 ҳазор ва 224 захмӣ расидааст.

код

https://iqna.ir/fa/news/4234817

captcha