IQNA

Коршиноси улуми динии Баҳрайн дар гуфтугӯ бо ИКНА:

Имом Ризо (а) улгуи раҳбарии уммат дар масири ваҳдат ва саботи фикрӣ буд

18:50 - September 04, 2024
рақами хабар: 2061
ИКНА - Ҳуҷҷатулислом Шаббар тасреҳ кард: Имом Ризо (а) шахсияти меҳварӣ дар таърихи Ислом буд. Ишон илм ва раҳбариро бо маҳорати фаровон таркиб кард ба гунае, ки ӯро ба улгуи раҳбарии уммат дар масири ваҳдат ва саботи фикрӣ табдил карда буд.

Ба муносибати фарорасидани солрузи шаҳодати ҳаштумин имоми шиъаён, ҳазрати имом Ризо (а) ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Сайид Аббоси Шаббар, аз мубалиғғони динӣ ва мудири бахши озодиҳои динии созмони ҳуқуқи башари «Сулҳи» Баҳрайн дар гуфтугӯ бо ИКНА ба баррасии сираи тақрибии он ҳазрат ва нақши ишон дар эҷоди тамаддуни исломӣ пардохт.

Ҳуҷҷатулислом Шаббар дар бораи сираи тақрибии имом Ризо (а) изҳор кард: Имом Ризо (а) як шахсияти меҳварӣ дар таърихи Ислом буд. Ишон илм ва раҳбариро бо маҳорати фаровон таркиб кард ба гунае, ки ӯро ба улгуи раҳбарии уммат дар масири ваҳдат ва саботи фикрӣ табдил карда буд.

Вай идома дод: Аз дидгоҳи ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ – дома зиллуҳу – имом Ризо (а) қулае дар таърихи исломӣ ба шумор меравад зеро ишон танҳо як имом набуд, ки дар аҳком ва масоили динӣ аз ӯ пайравӣ шавад, балки пешгоме дар ҷиҳати ислоҳи уммат буд ва барои ваҳдати уммати исломӣ аз роҳи илм ва ҳикмат талош мекард.

Шаббар дар тавзеҳи ин дидгоҳ афзуд: Ин дидгоҳ баёнгари мизони таъсири амиқи имом Ризо (а) дар муҳити иҷтимоӣ ва мазҳабии ӯ ва тавонои ишон бар ироа намунаое аз раҳбарии мутаодил аст, ки манофеъи ҷамъиро дар раъси аввалавиятҳои худ қарор медиҳад.

Узви ҷамъияти вафоқи исломии Баҳрайн афзуд: Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ ақида доранд, ки имом Ризо (а) натанҳо чароғи роҳи шиъаён буд балки чароғи роҳи уламо ва фуқаҳои адён ва мазоҳиби дигар низ буд ва таолими исломро пеш аз сухан гуфтан, бо рафтораш густариш медод.

Ҳуҷҷатулислом Шаббар дар бораи сабки таомули имом Ризо (а) бо пайравони соири адён ва мазоҳиб унвон кард: Имом Ризо (а) дар таомул бо пайравони соири адён ва мазоҳиб як улгуи гуфтугӯи мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил ва ақлониятро таҷассум бахшид. Ӯ бо касоне, ки дини ғайр аз Ислом доштанд бо тасомуҳ рафтор мекард ва ҳамвора бар гуфтугӯи ақлонӣ бар асоси далел ва бурҳон такя дошт.

Вай дар бораи дидгоҳи имом Хумайнӣ (ра) дар ин замина гуфт: Имом Хумайнӣ (ра) ақида дошт, ки ин равиш баёнгари ҷавҳараи Исломи ҳақиқӣ аст, ки дар ҷиҳати эҷоди тафоҳум ва кушоиши фикрӣ талош мекунад. Имом Хумайнӣ (ра) ишора карда, ки имом Ризо (а) аз ҳикмат ва дӯстӣ дар мунозироташ истифода мекард ва ҳамин амр саҳми бузурге дар тақвияти ҷойгоҳи Ислом дар миёни пайравони соири адён дошт.

Ин мубаллиғи баҳрайнӣ дар бораи шароити сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа дар замони имом Ризо (а) баён кард: Имом Ризо (а) дар асри худ бо чолишҳои сиёсӣ ва иҷтимоии печидае рӯбарӯ буд. Зеро давлати Аббосӣ дар шароити таниши дохилӣ ва хориҷӣ ба сар мебурд ва Имом (а) бо пазириши мансаби вилоятъаҳдии Маъмуни Аббосӣ муваффақ шуд ин мансабро ба абзоре барои нашри таолими Аҳли байт (а) ва таҳкими пояҳои имомат табдил кунад.

Вай идома дод: Оятуллоҳ Исо Қосим, раҳбари шиъаёни Баҳрайн, таъкид мекунад, ки имом Ризо (а) аз мансаби вилоятъаҳдӣ барои нашри илм ва андешаи саҳеҳ ва эҷоди таодул байниҳукумат ва уммати исломӣ баҳра бурд. Ишон ақида дорад, ки имом Ризо (а) аз ин мансаб барои таҳаққуқи манофеъи шахсии худ истифода накард балки аз он барои роҳнамоии уммат ба сӯи илм ва маърифат ва эҷоди тавозун байниҳукумат ва мардум баҳра бурд.

Ҳуҷҷатулисломи валмуслимин Шаббар дар заминаи нақш ва таъсири имом Ризо (а) дар боло бурдани ҷойгоҳи имомат ва шиъа тасреҳ кард: Имом Ризо (а) бо тадбири сиёсии худ ва пазириши мансаби вилоятъаҳдӣ, нақши бузурге дар тақвияти ҷойгоҳи имомат ва шиъа ифо кард. Ин пазириш ба манзури сарфруд овардан дар баробари ҳукумат набуд балки баҳрабардории ҳушмандона аз фурсат барои тасбити пояҳои имомат ба унвони қудрати муассира дар сиёсати Аббосён буд.

https://iqna.ir/fa/news/4234524

captcha