IQNA

18:31 - September 06, 2024
рақами хабар: 2067

Нигоҳе ба қадимитарин нусхаи Қуръони мавҷуд дар Чин + филм

ИКНА - Қадимитарин нусхаи Қуръони мавҷуд дар Чин, ки дар масҷиде дар устони Чингҳойи ин кишвар ба намоиш гузошта шудааст, рӯзона ҳудуди 6 ҳазор нафар боздидкуннда ҷазб мекунад.

Нигоҳе ба қадимитарин нусхаи Қуръони мавҷуд дар Чин + филм

Ба гузориши ИКНА, қадимитарин нусхаи Қуръони мавҷуд дар Чин, ки дар масҷиде дар устони Чингҳойи ин кишвар ба намоиш гузошта шудааст, рӯзона ҳудуди 6 ҳазор нафар боздидкуннда ҷазб мекунад.

Қидмати ин Қуръони дастнавис байни 11 то 13 қарн пеш тахмин зада шудааст.

Ин нусхаи 867 сафҳаӣ, 30 қисмат (ҷузъ) дорад ва вазни он ба ҳудуди 13 килограм мерасад.

Ин Қуръон дар соли 2007 мелодӣ ба василаи коршиносон ва ҳунармандон тармим шуд ва аз он замон дар маҳфазаи шишаоӣ, ки рутубат, дамо ва мизони оксижени мавҷуд дар он контрол шудааст, нигаҳдорӣ мешавад.

Ин Қуръони Кадим бо 867 сафҳа, ба ду бахш тақсим мешавад, ки як қисмати онро абрешим пӯшондааст. 

Гуфта мешавад 700 сол пеш ниёгони қавми «Солор» аз Осиёи Марказӣ ба Чин муҳоҷират карданд ва ин Қуръонро, ки бо мураккаб ба риштаи таҳрир даромадааст бо худ ба Чин оварданд, ин қавм дар ниҳоят «Чия-Зӣ» хонда шуданд ва Қуръони онҳо қадимитарин Қуръони дастнависи ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Ҳар рӯзи ҳудуди 6 ҳазор нафар, ки бештари онҳо мусулмонони сокини Чингҳой ва иёлати муҷовири он Гонсу ҳастанд, барои дидани ин нусхаи Қуръон ба масҷиди «Чия-Зӣ» мераванд.

تعداد بازدید : 7
код

https://iqna.ir/fa/news/4233997

captcha