IQNA

Бузургдошти шайх Миншовӣ аз сӯи анҷумани ҷаҳони Ислом+акс

5:16 - September 10, 2024
рақами хабар: 2082
ИКНА - Анҷумани ҷаҳони Ислом бо тавсифи шайх Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ ба унвони яке аз бузургтарин қориёни ҷаҳони Ислом, бо баргузории маросиме дар Танзания ёди ин устураи тиловатро гиромӣ дошт. 

Ба гузориши Ахбор Ал-Явм, анҷумани ҷаҳони Ислом бо баргузории маросиме дар Танзания ёди шайх Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ, қории бузурги Миср ва ҷаҳони Исломро гиромӣ дошт. Дар ин маросим, ки Умар Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ, писари шайх Миншовӣ ва устоди донишгоҳи Ал-Азҳар ҳузур дошт, лавҳи ёдбуде аз сӯи анҷумани ҷаҳони Ислом ба вай эҳдо шуд.

Умар Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ, писари шайх Миншовӣ бо баён инки теъдоди зиёде аз аъзои хонаводаи Миншовӣ аз қориён ва ҳофизони Қуръони Карим ҳастанд, гуфт: Падарам дар синни нӯҳсолагӣ кулли Қуръонро ҳифз кард ва дар тиловати Қуръони Карим таҳти таъсири падараш буд ва аз вай фанни тиловати Қуръони каримро фарогирифт; Шайх Миншовӣ ҳамчунин аз Муҳаммад Рафъат; Қории бузурги мисрӣ низ таъсир пазируфта буд. 

Ба гуфтаи фарзанди шайх Миншовӣ, ин қории бузург ҳеҷгоҳ мусиқӣ ва мақомоти тиловати Қуръонро назди устоде фаро нагирифт. 

Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ, дар мавриди сайри қуръонии худ низ гуфт: бовҷуди онки тиловати Қуръони Каримро аз падар фарогирифтам ва ба гуфтаи бисёре лаҳн ва савти ман бисёр ба падарам шабоҳат дорад, таҳсил ва тадрис дар Ал-Азҳарро баргузидам. Вай дар идома аз раисҷумҳури Миср ба далели номгузории пули бузурги шаҳри Манфалут ба номи шайх Миншовӣ ташаккур ва қадрдонӣ кард.

Ёдовар мешавад; Шайх Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ, ки ба далели тиловатҳои устураоии худ дар мақоми Наҳованд ба «подшоҳи мақоми Наҳованд» ва ҳамчунин ба далели шиддати хушуъ дар ҳини тиловат ба «қории гирён» низ шӯҳрат дорад, тиловати Қуръони Каримро дар кӯдакӣ оғоз кард ва ҳангоме ки танҳо 11 сол дошт, тиловати зебои ӯ дар Суҳоҷ ва дигар манотиқи Миср шӯҳрат ёфт; Вай танҳо қории мисрӣ буд, ки бо як бор тиловат ва бидуни ҳузур дар назди ҳайати арзёбӣ, барои тиловат дар радио Қуръони Миср баргузида шуд. Шайх Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ дар тӯли умри бобаракати худ ба кишварҳои мухталифе сафар кард ва ба тиловати Қуръон пардохт. Аз ҷумла муҳиммтарини ин тиловатҳо метавон ба тиловат дар Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ ва ҳамчунин тиловат дар Масҷидулақсо ишора кард.

 

 

https://iqna.ir/fa/news/4235629

captcha