IQNA

Ҳамла бо корд ба Саидмукаррами Абдулқодирзода

22:40 - September 11, 2024
рақами хабар: 2092
ИКНА - Вазорати кишвар дар баёнияе аз ҳамла бо чоқу ба муфтии аъзам "Саидмукаррами Абдулқодирзода" хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, имрӯз, соати 17:20, як нафар дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо корд ба муфтии аъзами кишвар “Саидмукаррам Абдулқодирзода” ҳамла кард, ки дар натиҷаи он Саидмукаррами Абдулқодирзода ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси табибон ба ҷойи зисташ гусел карда шуд.

Бар ин асос, вазорати кишвар бо судури баёнияе дар ин иртибот эълом кард, ки Саидмукаррами Абдулқодирзода рӯҳонии аршади Тоҷикистон дар ҳамлаи имрӯз чаҳоршанбе дар беруни масҷид дар шаҳри Душанбе пойтахти кишвар маҷрӯҳ шудааст.

Вазорати кишвар хабар дод ва гуфт, ки фарде бо «ангезаҳои авбошигарӣ», Саидмукаррами Абдулқодирзодаро пас аз баргузори намоз дар бо чоқу захмӣ кард.

Вазорати кишвар хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон муҳоҷимро боздошт карда ва парвандаи ҷиноиро дар мавриди ин ҳодиса боз кардаанд.

https://tajikpress.com/2024/09/11

captcha