IQNA

Додгоҳи Гаага ба зудӣ ҳукми боздошти Нетаняҳу ва Галлантро содир мекунад

13:02 - September 12, 2024
рақами хабар: 2095
ИКНА - Манобеи ибрӣ забон эълом карданд, ки додгоҳи байналмилалии кайфарии (Гаага) ба зудӣ ҳукми боздошти сарони режими саҳюнистиро содир хоҳад кард ва наметавон аз ин амр ҷилавгирӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории маркази иттилоърасонии Фаластин, шабакаи 12 телевизион режими саҳюнистӣ эълом кард, ки баровардҳои маҳофили ин режим ҳокӣ аз он аст, ки додгоҳи байналмилалии кайфарии (Гаага) ба зудӣ ҳукми боздошти Нетаняҳу нахуствазир ва «Ёав Галлант» вазири ҷанги ин режими палид ва ҷинояткорро содир хоҳад кард ва наметавон аз ин умур ҷилавгирӣ кард.

Бинобар ин гузориш Нетаняҳу ва вазири ба истилоҳ додгустарии режими саҳюнистӣ аз мушовири ҳуқуқии давлатӣ хостанд таҳқиқоти ҷиноиро ба манзури ҷилавгирӣ аз судури ҳукми додгоҳи Гаага оғоз кунад.

Шабакаи 12 таъкид кард, ки мушовири ҳуқуқии давлати режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ пешниҳоди Нетаняҳу ва вазири ба истилоҳ додгустариро ба иллати набуди ҳеҷ тавҷеҳе напазируфта ва таъкид карда, ки ҳозир нест таҳқиқоти сохтагӣ ва дурӯғинро оғоз кунад.

Дар пайи бароварди маҳофили ибрӣ аз эҳтимоли қарибулвуқуъ будани судури таъқиби қазоии сарони ин режими палид ва кӯдаккуш ба иттиҳоми наслкушӣ дар Навори Ғазза, шабакаи 12 ибрӣ забони режими ҷинояткор гуфт: Талоши Нетаняҳу барои таҳияи адилла барои манъи пайгарди эҳтимолӣ шикаст хӯрдааст.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Манор, нахуствазири режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар остонаи судури ҳукми эҳтимолии девони кайфарии байналмилалӣ дар Гаага алайҳи вай ва вазири ҷанг ба иттиҳоми иртикоби наслкушӣ дар Навори Ғазза, ба такопу афтод.

Веб-сайти лубнонии Ал-Манор гузориш дод, ки Нетаняҳу, нахуствазири ин режим бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз таъқиби қазоӣ аз сӯи девони кайфарии байналмилалии Гаага даст ба домани Ярио Левин, вазири ба истилоҳ додгустарии ин режим шудааст.

Шабакаи 12 телевизиони режими кӯдаккуши саҳюнистӣ шомгоҳи рӯзи чаҳоршанбе гузориш дод, ки арзёбии маҳофили ин режим ҳокӣ аз он аст, ки девони кайфарии байналмилалӣ дар Гаага ба зудӣ ҳукми боздошти Нетаняҳу нахуствазир ва Ёав Галлант, вазири ҷанги ин режимро содир хоҳад кард ва наметавон аз он ҷилавгирӣ кард.

Манбаи саҳюнистӣ фош кард, ки Нетаняҳу ва вазири ба истилоҳ додгустарии режими саҳюнистӣ аз мушовири ҳуқуқии ин режим хостанд таҳқиқоти ҷиноиро ба манзури мумонаъат аз судури ҳукми додгоҳи Гаага оғоз кунад.

Шабакаи 12 режими ҷинояткори саҳюнистӣ таъкид кард, ки мушовири ҳуқуқии кобинаи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ пешниҳоди Нетаняҳу ва вазири ба истилоҳ додгустариро ба иллати набуди адила ва ҳеҷ тавҷеҳе қабул накарда ва таъкид карда, ки ҳозир нест таҳқиқоти сохтагӣ ва кизбро оғоз кунад.

https://tajikpress.com/2024/09/12

captcha