IQNA

Попи Франсис бомбаборони мадориси Ғазза аз сӯи саҳюнистҳоро маҳкум кард

16:59 - September 14, 2024
рақами хабар: 2106
ИКНА - Попи Франсис, раҳбари катуликҳои ҷаҳон куштори кӯдакони фаластинӣ тавассути режими саҳюнистиро маҳкум ва бомбаборони мадорис аз сӯи ин режимро иқдоми қабиҳ тавсиф кард.

Ба гузориши Ватикан Нюз, Попи Франсис, раҳбари катуликҳои ҷаҳон дар як конфронси матбуотӣ, ки пас аз сафари 12 рӯзаи ӯ ба Осиёи ҷануби шарқӣ ва Уқёнусия баргузор шуд, гуфт, ки ҳар рӯз ба сурати телефонӣ бо аъзои ҷомеаи катулик дар Навори Ғазза гуфтугӯ мекунад.

Вай афзуд: Вақте аҷсоди кӯдаконро мебинад, вақте мебинад, ки ба гумони ҳузури чанд неруи чирикӣ дар як мадраса, онҷо бомбаборон мешавад, ин иқдоми зишт ва баде аст.

Раҳбари катуликҳои ҷаҳон изҳор кард: Гоҳе вақтҳо фикр мекунам, ки ин ҷанг аз ҳад гузаштааст, мутаассифам, ки маҷбӯрам инро бигӯям. Аммо фикр намекунам, ки онҳо барои барқарории сулҳ гом бармедоранд.

Раҳбари катуликҳои ҷаҳон пештар хостори оташбаси фаврӣ, озодии асирон ва кумакҳои башардӯстона ба Ғазза шуда ва гуфта буд: Бисёре аз бемориҳо аз ҷумла фалаҷи атфол дар Ғазза дар ҳоли густариш ҳастанд.

Вай бо таъкид бар ин, ки бояд Байтулмуқаддас маҳалли ҳамзистӣ бошад, ки дар он масеҳиён, яҳудиён ва мусулмонон дар он мавриди эҳтиром ва пазириш қарор мегиранд, гуфт: Бигзоред дар сарзамини муқаддас сулҳ барқарор бошад. 

Изҳорти Попи Франсис дар ҳоле аст, ки Ҷозеп Баррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа хоҳони иқдоми ҷамъӣ барои дастёбӣ ба оташбас дар Борикаи Ғазза шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4236401

captcha