IQNA

Баргузории ҷашни мелоди Паёмбари Акрам (с) бар рӯи киштии тавқифшудаи исроилӣ дар Яман + филм

20:53 - September 15, 2024
рақами хабар: 2110
ИКНА - Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман тасовир ва видеоҳое аз баргузории ҷашни мелоди Паёмбари Акрам (с) рӯи арашаи киштии тавқифшудаи "Galaxy Leader", ки мутааллиқ ба як тоҷири саҳюнистӣ аст мунташир кард.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Ал-Масира, шабакаи моҳвораии Ал-Масираи Яман дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Х тасовире аз баргузории ҷашни мелоди Паёмбари Акрам (с) рӯи кишти "Galaxy Leader" мутааллиқ ба режими саҳюнистӣ, ки пеш аз ин тавассути неруҳои Ансоруллоҳи Яман тавқиф шуда буд, мунташир кард.

Ин тасовир, ки ҳамроҳ бо иборати Ҳҳадида, дарёи Сурх, ҷашни мелоди Паёмбар рӯи киштии "Galaxy Leader"» ба иштирок гузошта шуданд, нишон медиҳад, ки ин киштии тавқифшуда бо чароғҳои сабз тазъин шудааст.

Ҳамчунин Ал-Масира дар ҳисоби корбарии худ видёҳое аз корнаволи худравҳо дар шаҳри «Эб» ба муносибати ҷашни мелоди Паёмбари Акрам (с) ва тасовире аз тазъинҳои анҷом шуда дар Санъо, пойтахти Яманро, ки ба муносибати ҷашни мелоди Паёмбар анҷом шуданд, ба иштирок гузошт.

Кумитаи баргузоркунандаи ин ҷашн ба ҳамин муносибат барои таҷаммӯъи миллионӣ баъд аз зӯҳри фардо якшанбе дар майдони «Ал-Сабъини» шаҳри Санъо ва майдонҳои соири устонҳо фарохон дод. Ҳамчунин ба ҳамин муносибат маросими ҷашн дар тамоми манотиқ ва устонҳои Яман идома дорад.

Пеш аз ин Яманиҳо иди Ғадирро низ рӯи ин киштӣ ҷашн гирифтанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Расия Ал-Явм, пас аз амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ва дар ҷараёни ҳимояти Ансоруллоҳи Яман аз Фаластин, киштии "Galaxy Leader" 20 ноябр дар ҳоле, ки бо 25 хадама дар ҳоли тайи масири дарёии Туркия-Ҳинд буд, дар фосилаи 350 мойлии дарёӣ шимоли ғарби Ҳадида ба кантроли неруҳои Ансоруллоҳи Яман даромад.

Ансоруллоҳ тасовире аз фуруди неруҳояш аз як фурванд болгард рӯи ин киштӣ ва ба контрол даровардани он дар ҷануби дарёи Сурхро мунташир кард.

Режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, ки ин киштӣ мутааллиқ ба он нест, аммо аснод нишон медиҳад, ки молики он як тоҷири саҳюнистӣ аст.

Ансоруллоҳи Яман таъкид дорад, ки амалиётҳои худро дар ростои ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва неруҳои муқовимати он анҷом медиҳад ва ҳар киштииро, ки мамнуъияти вуруд ба банодири воқеъ дар Фаластини ишғолиро нақз кунад, ҳадафи ҳамалоти ин ҷунбиш қарор мегирад.

код

https://iqna.ir/fa/news/4236481

captcha