Ба гузориши ТоҷикПресс, расонаҳои Исроил муддаӣ шуданд, ки Созмони иттилооти дохилии ин режим, воҳиди иттилоотии вижае барои террори Яҳё Синвор, роҳбари Дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) ташкил додааст.
Шабакаи 12 телевизиони Исроил дар гузориши муфассале бар рӯи пойгоҳи интерентии худ бо унвони “дар интизори як иштибоҳ: Амалиёти пайгарди Яҳё Синвор ин тавр идора мешавад” аз ташкили воҳиди иттилоотии вижа барои террори роҳбари Ҳамос хабар дод.
Ин шабака бидуни зикри манбаи ин хабар эълом кард, ки “Созмони Шобок” аз оғози ҷанги Ғазза дар таърихи 7 октябри 2023 як воҳиди иттилоотиро барои кантроли таҳаррукоти Синвор ихтисос додааст ва ин воҳиди иттилоотӣ ба сурати 24 соата фаъолият мекунад.
Дар идомаи ин гузориш омадааст, ки дастгоҳи амниятии Исроили манобеи зиёдеро барои таҳти пайгард қарордодани Синвор тахсис додааст, аммо Синвор “ҳар бор тавонистааст чанд соат қабл аз дастрасӣ ба вай фирор кунад; ҳар чанд ки Исроил талошҳои густардае дар ин замина анҷом медиҳад ва изҳороти мутааддиде ба таъқибу пайгарди вай ишора кардаанд.”
Шабакаи 12 телевизиони Исроил ҳамчунин ба изҳороти собиқ генерали артиши саҳюнистӣ ишора кардааст, ки гуфта буд: “Ба ӯ (Синвор) наздик шуда будем. Вориди тунеле дар зери замин шудем ва миқдори зиёде пулу силоҳ пайдо кардем ва қаҳва ҳануз гарм буд.”
Ин шабака ҳамчунин муддаӣ шудааст, ки Синвор аз муддатҳо қабл аз телефони ҳамроҳ ва васоили иртиботии электроник истифода намекунад ва ба ҷои он аз шабакаи мутааддиди хабаррасонҳо барои мудирияти амалиётҳои низомии Ҳамос истифода мекунад.
https://tajikpress.com/2024/09/15