Ба гузориши хабаргузории шабакаи L-24, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз душанбе ҷаласаеро барои баррасии ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғазза баргузор хоҳад кард.
Дар ин ҷаласа қарор аст “Сигрид Каг” ҳамоҳангкунандаи аршади Созмони Милали Муттаҳид дар умури инсонӣ ва бозсозӣ дар Ғазза ба баррасии иҷрои қатъномаи 2720 Шӯрои Амният бипардозад.
Шӯрои Амният декабри гузашта бо судури қатъномае хостори иттихози иқдомоти фаврӣ барои расондани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ва фароҳам кардани заминаи оташбас дар ин минтақа шуд.
Ҳамчунин қарор аст Хорха Морейра Да Сило, мудири иҷроии дафтари хадамоти барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид низ конфронси матбуотӣ дар робита бо ин ҷаласа баргузор кунад.
Пеш аз ин Ҷозеф Баррел масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хостори тасҳил дар вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза шуд.
https://tajikpress.com/2024/09/16/