IQNA

Ғазза, гуруснагӣ ва бомбаборон

19:28 - September 16, 2024
рақами хабар: 2115
ИКНА - Вазъияти ташдиди муҳосираи Навори Ғазза нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ дар канори бомбаборон, аз гуруснагӣ ба унвони яке аз силоҳҳои аслии худ алайҳи ғайринизомиён истифода мекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, пойгоҳи хабарии рӯзҳои Фаластин дар гузорише навишт, мардум дар Ғазза ба вижа дар бахши шимоле таркибе аз варшикастагӣ, бомбаборони артиши Исроил ва гуруснагии шадидро таҷриба мекунанд; ҷое ки бо камбуди шадиди сабзавот, мева ва гӯшт мувоҷеҳ аст ва мардум танҳо бо нон зинда ҳастанд.
Тибқи оморҳои муҳаққиқони мустақили Созмони Милали Муттаҳид, артиши режими саҳюнистӣ аз гуруснагӣ ба унвони як силоҳи ҷангӣ дар ин макон истифода мекунад сиёсате, ки бо танбеҳи дастаҷамъонаи ғайринизомиён баробар аст.
Ҳудуди як сол аст, ки режими ишғолгари Исроил Навори Ғаззаро дар муҳосираи шадид қарор дода ва интиқоли маводи ғизоии ҳаётӣ ва таҷҳизоти пизишкиро ба вижа дар шимол ба шиддат маҳдуд кардааст.
Ин иқдом боиси бекории қариб ҳамаи нонвойхонаҳои мавҷуд дар Ғазза ба хотир набуди сӯхт ва маводи аввалия мисли орду гандум барои пухти нон шудааст.
Комил Оҷур, соҳиби як нонвойхона дар шимоли Навори Ғазза аз Созмони Милал ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарӣ хоста фавран мудохила кунанд ва барои ҷилавгирӣ аз қаҳтии густарда дар шимоли Навори Ғазза ирсоли сӯхту маводи аввалияи тавлиди нон ба Навори Ғаззаро тасҳил кунанд.
Вай дар мусоҳиба бо хабаргузории Анатолия гуфт, нонвойхонаи мо танҳо нонвойхонаи фаъол дар ин минтақа аст, ки агар муҳосира идома дошта бошад ин ҳам то як ҳафтаи дигар таътил хоҳад шуд.
Вай афзуд, тайи даҳ рӯзи гузашта ҳеҷ сӯхте ба шимоли Навори Ғазза ирсол нашуда ва агар Исроил ба мамониат аз вуруди сӯхту орд идома диҳад фаъолияти нонвойхонаи мо ҳам таътил мешавад.
Ин гузориш изофа кард, буҳрон ва қаҳтӣ ҷонҳои бештареро аз насли кӯдакон дар шимоли Ғазза гирифта аст. Даҳҳо кӯдак, аз ҷумла навзодон, бар асари сӯи тағзия ҷони худро аз даст доданд. Бо авҷгирии буҳрон дар моҳи март, сокинон маҷбур ба хӯрдани алаф ва барги дарахтон шуданд.
Созмони Милал аз моҳҳо пеш нисбат ба вуқуъи қаҳтӣ дар Ғазза бо беш аз 2.3 миллион нафар ҷамъият, ки беш аз ниме аз онҳо бо сатҳи фоҷиаборе аз гуруснагӣ ва адами амнияти ғизоӣ мувоҷеҳ ҳастанд ҳушдор додааст.
Ниҳодҳои Созмони Милал, ки дар Ғазза фаъол ҳастанд мегӯянд, ки режими ишғолгар дасти кам 30 дарсади ҷараёни интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғаззаро аз моҳи март то алон масдуд кардааст.
Созмони Оксфам низ дар ин замина ҳушдор додааст, ки идомаи муҳосираи шадиди Навори Ғазза боис шудааст, ки мардум дар шимоли Ғазза танҳо 12 дарсад ғизои мавриди ниёзи рӯзонаи худро дарёфт кунанд.
Омитоб Баҳор, мудири иҷроии Оксфам мегӯяд, Исроил дониста ғайринизомиёнро гуруснагӣ медиҳад.
Пойгоҳи рӯзҳои Фаластин дар поён менависад, ташдиди тадриҷии вазъияти фоҷиабор дар Навори Ғазза ва афзоиши шумори кӯдаконе, ки дучори сӯи тағзия ҳастанд метавонад шавоҳиди итминоновар барои феҳрасти ҷиноятҳои сабт шуда алайҳи режими саҳюнистӣ дар додгоҳи байналмилалӣ ва иттиҳомоти наслкушии ин режим бошад.
Африқои Ҷанубӣ декабри соли гузашта шикоятеро алайҳи режими саҳюнистӣ дар мавриди наслкушӣ дар Ғазза ба додгоҳи байнлмилалии Гаага ироа кард ва кишварҳои дигаре монанди Испания, Чили ва Мексика низ дар эътироз ба иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ба ин парвандаи пайвастаанд.
Ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза то кунун беш аз 41 ҳазор шаҳид ва ҳудуди 100 ҳазор маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст.

https://tajikpress.com/2024/09/16

captcha