Ба гузориши Фаластин Ал-Явм, фарохонҳое дар Қудс мунташир шудааст, ки дар он аз фаластиниён хоста шудааст то ҳамзамон бо солрузи вилодати ҳазрати Муҳаммад (с) ва ба манзури муқобила бо нақшаҳои ишғолгарони саҳюнист ва шаҳракнишинон барои Масҷидулақсо, ҳузурИ густурдае дар ин маконИ муқаддас дошта бошанд.
Дар ин фарохонҳо бар зарурати ҳузури густурдаи мардумӣ дар Масҷидулақсо таъкид шудааст то аз ин тариқ бо тарҳҳои бесобиқаи ишғолгарон ва гурӯҳҳои шаҳракнишин муқобила шавад, ки дар талош ҳастанд то вазъияти ҷадидеро бар ин макони муқаддасси мусулмонон таҳмил кунанд.
Ин фарохонҳо, ки ҳамзамон бо таҳоҷуми шадид ва мавриди интизор алайҳи Масҷидулақсо матраҳ шудааст, дар тӯли таътилоти яҳудиён, ки дар октябри оянда оғоз мешавад, рух хоҳад дод.
Масҷидулақсо дар фасли таътилоти яҳудиён аз 3 то 24 октябр, бо авҷи юриш ва таҷовузи шаҳракнишинони саҳюнистӣ мувоҷеҳ аст, ки таҳдиди моҳиятӣ барои ин масҷид ба ҳисоб меояд.
Панҷшнбеи гузашта, гурӯҳҳои тундрави мавсум ба «гурӯҳҳои маъбад» иқдом ба интишори видеои шабиҳсозӣ шудаи оташсӯзии Масҷидулақсо карданд, ки баёнгари рӯйкарди онҳо барои тахриби ин макон ва бинои ҳайкали иддаоии саҳюнистҳои ифротӣ аст.