IQNA

Инфиҷори пейҷерҳо дар Бейрут; Сайидҳасан Насруллоҳ дар саломати комил аст

19:28 - September 18, 2024
рақами хабар: 2125
ИКНА - Як мақоми Ҳизбуллоҳ гузориш дод, ки дар пайи инфиҷори пейҷерҳо дар Бейрут, осебе ба Сайиди муқовимат ворид нашудааст.

Ба гузориши шабакаи хабарии Ал-Олам, ба нақл аз як мақоми аршади Ҳизбуллоҳ гузориш дод, ки Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар саломати комил аст ва осебе ба ӯ ворид нашудааст.

Дар баёнияи Ҳизбуллоҳи Лубнон омадааст: Ҳудуди соати 15:30 рӯзи сешанбе теъдоде аз дастгоҳҳои дарёфти паёми «пейҷер», ки тавассути теъдоде аз коргарони воҳидҳо ва муассисоти мухталифи Ҳизбуллоҳ мавриди истифода қарор гирифта буд, «ба шакли мубҳаме мунфаҷир шуданд» ва тайи он як духтарбча ва 2 бародар кушта ва теъдоди зиёде низ захмӣ шуданд.

Ҳизбуллоҳ изофа кард: Ниҳодҳои зирабт дар Ҳизбуллоҳ дар ҳоли ҳозир дар ҳоли анҷоми таҳқиқоти густурдаи амниятӣ ва илмӣ барои ёфтани далоили вуқӯъи ин инфиҷорҳои ҳамзамон ҳастанд ва хадамоти пизишкӣ ва беҳдоштӣ низ дар теъдоде аз бемористонҳои манотиқи мухталифи Лубнон машғули мудовои маҷрӯҳон ҳастанд.

Дар идомаи ин баёния омадааст: Аз Худованди Мутаол барои шуҳадои роҳи Қудс, раҳмат ва барои маҷрӯҳони шифои оҷил масъалат дорем ва аз миллати азиз мехоҳем, ки муроқиби шойеот ва ахбори нодуруст ва гумроҳ кунандаи бархе тарафҳо бошанд; Чаро ки ин ахбор дар хидмати ҷанги равонӣ ба нафъи душмани саҳюнистӣ аст.

https://iqna.ir/fa/news/4237243

captcha