IQNA

Баргузори ҷашнвораи байналмилалии қуръонии «Хол» дар Курдистони Ироқ + филм ва акс

19:51 - September 18, 2024
рақами хабар: 2127
ИКНА - Давоздаҳумин ҷашнвораи қуръонии «Хол» бо ҳузури қориёне аз Эрон, Миср ва Бангладеш дар Курдистон Ироқ баргуз Курдстон 24, давоздаҳумин давраи ҷашнвораи байналмилалии тиловати Қуръони Карими Хол дар Сулаймонияи Ироқ баргузор шуд.

Ин ҷашнвораи қуръонӣ аз баъд аз зуҳри ҷумъа, дар кохи ҳунари шаҳри Сулаймония бо ҳузури теъдоде аз рӯҳониюн, мубалиғғон ва қориёни Қуръони Карим аз кишварҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Миср, Бангладеш ва Ироқ оғоз шуд ва ду рӯз идома дошт.

Ин ҷашнвора ҳар сола бо назорати маркази тавсеаи фаъолиятҳои ҷавонони Курдистони Ироқ (ба номи шайх Муҳаммад Хол) _ (зодаи: 1904 дар Сулаймония, Курдистони Ироқ – даргузашт: 15 июл 1989) қозӣ, ҳуқуқдон, олими исломӣ, нависанда, фақеҳ ва фарҳангнависи курди аҳли Курдстони Ироқ ва аз наводагони аллома мулло Абубакр мусаннифи чурӣ аст. Аз осори барҷастаи Муҳаммад Хол метавон ба тафсири Қуръон ба забони курдӣ ба номи «Тафсири Хол», ва фарҳанги луғати курдӣ машҳури худ ба номи «фарҳанги Хол» ишора кард_ баргузор мешавад ва қориёне аз чандин кишвари исломӣ дар ҳузури ҳазорон нафар аз дохил ва хориҷи Курдистон ба тиловати Қуръон мепардозанд. Фаъолитҳое аз қабили мадеҳахонӣ ва сурудҳои мазҳабӣ ва таҷлил аз қориён ва ҳофизони мумтози Қуръони Карим бахшҳои мухталифи ин ҷашнвораро ташкил медиҳанд.

Имсол Солеҳ Маҳдизода, қории 11 солаи Гилонӣ ва ҳофизи кулли Қуръони Карим дар ин ҷашнвора ба тиловати оёте аз Қуръон пардохт, ки бо истиқболи густурдаи мухотабон рӯбарӯ шуд.

код

برگزاری جشنواره بین‌المللی قرآنی «خال» در کردستان عراق

برگزاری جشنواره بین‌المللی قرآنی «خال» در کردستان عراق

برگزاری جشنواره بین‌المللی قرآنی «خال» در کردستان عراق

برگزاری جشنواره بین‌المللی قرآنی «خال» در کردستان عراق

برگزاری جشنواره بین‌المللی قرآنی «خال» در کردستان عراق

https://iqna.ir/fa/news/4237095

captcha