IQNA

5:39 - September 21, 2024
рақами хабар: 2133
Раисҷумҳури Эрон дар ифтитоҳияи конфронси Ваҳдат:

Ваҳдати уммати исломӣ омили тавлиди қудрат барои ҷаҳони Ислом аст

ИКНА - Масъуди Пизишкиён дар ифтитоҳияи сию ҳаштумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ бо таъкид бар инки ваҳдат ва инсиҷоми мо чӣ дар дохил ва байни кишварҳои исломӣ метавонад қудрати моро афзоиш диҳад, гуфт: Аврупоиҳо бо ҳамаи даъвоҳое, ки доранд, аммо бо ҳам иттиҳодия ташкил додаанд ва пули воҳид доранд, аммо ҳанӯз марзҳо байни мо аст ва ин душман аст, ки тафриқаро байни мо эҷод мекунад.

Ваҳдати уммати исломӣ омили тавлиди қудрат барои ҷаҳони Ислом аст

Ба гузориши хабарнигори ИКНА, Масъуди Пизишикён, раисҷумҳури кишвари Эрон дар маросими ифтитоҳияи сию ҳаштумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ, ки дар салони иҷлоси сарони баргузор шуд, бо табрики вилодати Паёмбари Ислом(с) ва Имом Ҷаъфари Содиқ (а) ва низ фарорасидани ҳафта Ваҳдат изҳор кард: Сӯҳбат кардан дар ҳузури шумо зира ба Кирмон бурдан аст. Дар замони интихобот тамоми шиорам дар кишвар ин буд, ки бояд даст ба даст ҳам диҳем.

Вай идома дод: Ваҳдат ва инсиҷоми мо чӣ дар дохил ва байни кишварҳои исломӣ метавонад қудрати моро афзоиш диҳад. Расули Акрам(с) ҳангоми ба Мадина ҳиҷрат карданд бо ҷангидан қабоил мухталифи Авс ва Хазраҷ ва соири қабоил рӯбарӯ шуданд. Ишон паймони ухувватро дар аввалин қадам миёни ин қабоил бастанд. Инки гурӯҳҳо ва ҷиноҳҳо боҳам даъво доранд ва фарде чун Паёмбар(с) онҳоро ташвиқ ба паймони бародарӣ кунад ва онҳо бародар шаванд, муҳим аст «وَ أَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ لَوْ أَنْفَقْتَ ما فِي الْأَرْضِ جَميعاً ما أَلَّفْتَ بَيْنَ قُلُوبِهِمْ». Ҳангоме, ки ба Макка, ҳашт сол баъд, рафтанд гуфтанд ва Маккаро фатҳ карданд, фармуданд мусулмон бо мусулмон бародар аст ва нафармуданд муъмин бо муъмин бародар аст.

Пизишкиён бо таъкид бар ин ки мусулмонон дар муқобили душманон як дасти воҳид ҳастанд, изҳор кард: оё мо ба унвони мусулмон чӣ дар кишвари худмон ва чӣ дар кишварҳои исломӣ ингуна ҳастем? Аврупоиҳо бо ҳамаи даъвоҳое, ки доранд, аммо бо ҳам иттиҳодия ташкил додаанд ва пули воҳид доранд, аммо ҳанӯз марзҳо байни мо аст ва ин душман аст, ки тафриқаро байни мо эҷод мекунад.

Раисҷумҳур бо баён инки ваҳдат болотар аз намоз ва рӯза аст, гуфт: Чунонки ҳазрати Алӣ (а) ба фарзандонашон ислоҳи умурро тавсия мекунанд. Ишон дар хутбаи 18 низ ба ин мавзӯъ тасреҳ мекунад «الهُهم واحد و كتابهم واحد و نبيّهم واحد», ки далеле бар накӯҳиши ихтилофот аст.

Вай бо таъкид бар инки ихтилоф навъе исён дар муқобили Худост, тасреҳ кард: ихтилоф бар адами чанг задан ба рисмони илоҳӣ аст ҳамонтавр, ки дар Қуръон мехонем «وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّـهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا» و «وَ مَنْ يَعْتَصِمْ بِاللَّهِ فَقَدْ هُدِيَ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ». 

Раисҷумҳур бо ишора ба ояти فَٱعْبُدُوهُ هَٰذَا صِرَٰطٌ مُّسْتَقِيمٌ, гуфт: Намоз мехонем ва ҳар рӯз чандин бор аз Худо мехоҳем, ки моро ба роҳи рост ҳидоят кунад ва думболи сироти мустақим ҳастем ва баъд ду се миллион исроилӣ, мусулмононро нобуд мекунанд, бомбаборон мекунанд ва ҷуръати густохӣ мекунанд; Чун мо боҳам нестем, нигоҳ, забони муштарак ва ваҳдати исломӣ бо якдигар надорем ва бар сари мавзӯъҳои содда боҳам даъво мекунем; Салоҳ байни зот муҳим аст.

Пизишкён афзуд: Асли намоз ва рӯза барои ваҳдат аст чун агар ваҳдат накунет, пас барои чӣ намоз мехонем ва рӯза мегирем? иқомаи сало яъне ваҳдат ва иҷмоъ байни мусулмонон ва доштани нигоҳ ва забони муштарак; Ба иборати дигар яъне ғайри мусулмонон натавонанд бар мусулмонон ҳар иқдомеро анҷом диҳанд ва сипас дар кишварҳои исломӣ мустақар шаванд ва байни мусулмонон бо тарҳи масоили тафриқаангез, шиъа ва суннӣ ва масоили қавмӣ ба тафриқа афканӣ бипардозанд ва сипас манобеъ ва имконоти моро бибранд ва ҳар коре бо мо анҷом диҳанд. 

Раисҷумҳур бо таъкид бар инки мо мусулмонон муқассирем, гуфт: Иншироҳи қалб, пазириши ҳамдигар ва чанг задан ба рисмони Худованд, асл аст на инки чигуна боистем ва нигоҳ кунем. Агар битавонем ин паёмро дар даруни худ қалбан қабул кунем ва дар амал низ ваҳдатро нишон диҳем ва сирфан ба забон ва гуфтор иктифо накунем ва иҷоза рушд ба якдигар диҳем ва ҳамдигарро ҳазф накунем ба ваҳдат хоҳем расид. Ваҳдат яъне дар амал нишон диҳем, ки ҳама боҳам ба самти як қибла ва як имом бо ваҳдат ва инсиҷом намоз мехонем. 

Пизишкён дар поён гуфт: Ҷанг ва тафриқа бо якдигар лабаи оташ аст. Мо бояд аз ин лабаи оташ канор бикашем. Худо ба мо кумак кунад ҳам дар ҷавомеъи худамон барои инсонҳое, ки зиндагӣ мекунанд, иззатро ба вуҷуд биёварем ва онҳоеро, ки ба сарзаминҳои мусулмонон тамаъ карданд бо иззат ва қудрат берун кунем.

https://iqna.ir/fa/news/4237325

captcha