IQNA

Баёнияи поёнии нишасти байналмилалии ҳамандешии бонувони мусулмон дар Теҳрон

5:49 - September 21, 2024
рақами хабар: 2134
ИКНА - Нишасти байналмилалии ҳамандешии бонувони мусулмон, дар идомаи нахустин рӯз аз сию ҳаштумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ дар Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА; Ҳамзамон бо ҳафтаи Ваҳдат давоздаҳум лиғоят ҳабдаҳуми Рабеъул-Аввал, нишасти байналмилалии ҳамандешии бонувони мусулмон бо мавзӯъи «Нақши тарбияти зан дар тақвияти Ваҳдат ва муқовимат» дар идомаи барномаҳои сию ҳаштумин конфронси Ваҳдат баргузоршуд ва дар хотима бонувони ширкаткунанда аз кишварҳои Индонезия, Алҷазоир, Амрико, Лубнон, Фаластин, Сурия, Ироқ, Фаронса, Баҳрайн, Мексика, Перу, Покистон, Афғонистон, Малайзия, Туркия, Бразилия ва Ҳинд баёниаеро ба шарҳи зер содир карданд. 

1. Конфронси Ваҳдати исломӣ ва нишасти занон дарҳоле баргузор шуд, ки ҳамчунони Ғазза зери бомбаборон қассобони ғосиби саҳюнистӣ қарордорад.

2. Мо занон ва бонувони мусулмон аз саросари ҷаҳон бо миллитҳо, забонҳо ва мазоҳиби гуногун бар зарурати Ваҳдати мусулмонон ва талош барои найл ба уммати воҳидаи исломӣ таъкид мекунем ва мӯътақидем агар дар ваҳдати калима ва парҳез аз ихтилоф ҳамчунон мусаммам бошем ва дар доми тавтеаҳои тафриқаандозон наюфтем, масири муқовимат метавонад ба пирӯзии ниҳоӣ хатм шавад.

3. Мо бонувони мусулмон дар канори муҷоҳидатҳои бародаронамон дар Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ, муқовимати беназири занони Фаластинро арҷ менаҳем ва амиқан бовар дорем шермардони майдони мубориза алайҳи режими ишғолгари Қудс, дар домони модарон ва шерзаноне парвариш ёфтаанд, ки дар баробари зӯр ва тааддӣ сархам накардаанд ва дарси иззат ва истодагиро ба фарзандони хеш омӯхтаанд ва саховатмандона ҷон ва зиндагии худро дар хидмати ин ормони муқаддас қарор доданд.

4, Акнун, ки дунё шоҳиди муқовимати шикастнопазири миллати мазлуми Фаластин аст, нақши занон ва бонувоне, ки дӯшодуши мардон ва фарзандони худ дар баробари ваҳшёнатарин ҷиноёти ҷангӣ истиқомат мекунанд, ҳаққан ва инсофан сутуднӣ аст.

5. Фаромӯш намекунем ёди духтарон ва занони озодаеро, ки аз кишварҳои мухталиф дар шарқ ва ғарби ҷаҳон, мазлумияти миллати Фаластинро нодида гирифтанд ва дар маҳкум кардани табаҳкориҳои ин бонди ҷинояткори ҳоким дар сарзаминҳои ишғолӣ, шуҷоъона фарёд кашиданд; Онҳое, ки ҳатто агар ташарруф ба дини мубини Ислом надоштаанд, аммо бар асоси фитрати хеш ба ин дастури исломӣ амал карданд, ки Имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фармуданд: کونا للظالم خصما وللمظلوم عونا.

Дар поён ширкаткунандагон аз маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби Мазоҳиби исломӣ ҷиҳати баргузории ин нишасти байналмилалии бонувон ташаккур карданд.

https://iqna.ir/fa/news/4237608

captcha