IQNA

Шаҳодати Иброҳим Ақил аз сӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон таъйид шуд

6:11 - September 21, 2024
рақами хабар: 2135
ИКНА - Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе ба таври расмӣ шаҳодати фармондеҳи аршади худ дар таҳоҷуми режими ҷинояткори саҳюнистӣ ба Бейрутро таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории Алҷазира, ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе ба таври расмӣ шаҳодати фармондеҳи бузург ҳоҷ Иброҳим Ақилро таъйид кард.
Дар баёнияи Ҳизбуллоҳи Лубнон омадааст: Имрӯз фармондеҳи мо Иброҳим Ақил пас аз умре муҷоҳидат ва ҷонфишонӣ, ворид омадани ҷароҳат ва пирӯзиҳо ва дастовардҳои бисёр ба ҷамъи шуҳадо пайваст. Ӯ шоистаи расидан ба дараҷаи шаҳодат буд.
Ин баёнияи меофзоед: Байтулмуқаддас ҳамвора дар дил ва зеҳни ӯ ва дар афкори ӯ ба таври шабона рӯз вуҷуд дошт. Намоз хондан дар масоҷиди Масҷидулақсо оризуи ӯ буд. Муқовимати исломӣ имрӯз бо ифтихор ва сарбаландӣ яке аз раҳбарони худро дар роҳи Байтулмуқаддас тақдим кард ва бо рӯҳи покаш аҳд мебандад, ки то пирӯзӣ ба ин роҳ ва аҳдофаш пойбанд бошад.
Ҳизбуллоҳ Лубнон номҳои 12 неруи худ, ки дар ҳамлаи неруи ҳавоии режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил ба Бейрут ба шаҳодат расиднро мунташир кард, ки дар миёни онҳо 8 фармондеҳи радаболои гуруҳи Ризвон дида мешавад:

شهادت ابراهیم عقیل از سوی حزب الله لبنان تایید شد

https://tajikpress.com/2024/09/21/

captcha