Оятуллоҳ Хоманаӣ: Бо шаклгирии уммати исломӣ, мусулмонон бо қудрати дарунии худ метавонанд, ғуддаи саратонӣ ва хабиси режими саҳюниро аз Фаластин бардоранд ва нуфузу тасаллути дахолати зургӯёнаи Амрико дар минтақаро низ аз байни бибаранд.
Субҳи имрӯз, ба муносибати солрӯзи мелоди бобаракати хатмимартабат ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва имом Ҷаъфари Содиқ (рҳ), оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ҷамъе аз масъулони ҶИЭ, сафирони кишварҳои исломӣ ва меҳмонони ширкаткунанда дар 38-умин конфронси байналамилалии “Ваҳдати исломӣ” ва ҳамчунин қишрҳои мухталифи мардум, дарси бузурги набавиро умматсозӣ баршумурд ва бар нақши хавос дар шаклгирии уммати исломӣ ва ваҳдати дунёи Ислом таъкид кард.
Ишон дар бахше аз суханони худ гуфт: Мо имрӯз ниёзманди ташкили уммати исломӣ ҳастем ва бояд онро дунбол кунем. Кӣ метавонад дар ин замина кумак кунад? Давлатҳо метавонанд таъсир бигузоранд. Албатта, ангеза дар давлатҳо хеле қавӣ нест. Онон, ки метавонанд, ин ангезаро қавӣ кунанд, хавоси дунёи Ислом ҳастанд, яъне ҳамин шумо. Сиёсатмадорон, уламо, донишмандон, донишгоҳиён, табақаҳои бонуфуз ва соҳибфикр, шоирон, нависандагон, таҳлилгарони сиёсӣ ва иҷтимоӣ метавонанд асар бигузоранд. Агар, бар фарз 10 сол матбуоти ҷаҳони Ислом ҳама бар рӯи иттиҳоди мусулмонон такя кунанд; нависанда мақола бинависад, шоир шеър бигӯяд, таҳлилгар таҳлил кунад, устоди донишгоҳ табйин кунад ва олими динӣ ҳукм кунад, бешак дар тули ин даҳ сол вазъият ба куллӣ иваз хоҳад шуд мешавад. Миллатҳо, ки бедор ва алоқаманд шуданд, давлатҳо ночор мешаванд, ки дар он ҷиҳат ҳаракат кунанд. Хавос метавонанд ин корро анҷом диҳанд. Ин вазифаи мост.
Албатта, эҷоди ваҳдат ва ташкили уммати исломӣ душманоне дорад, ки душманони Ислом ҳастанд; рӯи мубориза бо душманони Ислом фикр ва такя кунед; душмани фалон кишвар ин муҳим нест. Касоне ҳастанд, ки душмани Ислом ҳастанд, ҳарчанд ба зоҳир худро ба бахше аз мусулмонон наздик мекунанд то бахши дигареро нобуд кунанд; дар воқеъ инҳо душмани Ислом ҳастанд. Инҳо намехоҳанд, ки уммати исломӣ ташкил ва муттаҳид шавад. Инҳо гусалҳои мазҳабии даруни дунёи Исломро фаъол мекунанд. Яке аз мушкилтароштарин гусалҳое, ки мисли гусалҳои зилзила байни ҷавомеъ вуҷуд дорад, гусали эътиқодӣ ва динӣ аст. Агар чунончи ин гусал фаъол шавад, хеле осон намешавад ин гусалро хомӯш кард. Ҷангҳои салибӣ 200 сол тул кашид ва воқеан ҷанги салибӣ ва динӣ ва бар асоси таассуботи динӣ буд. Душманони Ислом намехоҳанд ва намегузоранд, ки уммати мусулмон муттаҳид шаванд; бояд бар хостаи душман ғолиб шавем. Ин ки имоми бузургвори мо (имом Хумайнӣ) аз қабл аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ, ин ҳама бар рӯи ваҳдати дунёи Ислом ва ваҳдати шиа ва суннӣ таъкид ва такя карданд, ба хотири ин аст, ки қудрати ҷаҳони Ислом аз иттиҳод сарчашма мегирад. Душман акси инро мехоҳад ва акси ин амал ва талош мекунад.