дар ҳоле ки аз аввали ҷанги наслкушии режими саҳюнистӣ зидди Ғазза, санадҳои байналмилалӣ зиёде дар бораи ҷиноятҳои зиддибашарию ваҳшиёнаи ин режим зидди ғайринизомӣ, хусусан кӯдакон нашр шудааст, як пизишки амрикоӣ, ки пештар аз Ғазза дидан карда буд, иттилооти ҳайратоваре аз ҷиноятҳои тарсноки аскарони саҳюнист ошкор кард.
Зинда ба хок кардани кӯдакони Ғазза аз ҷониби аскарони саҳюнист
Марк Перлматтер, пизишку ҷарроҳи яҳудии амрикоӣ, ки соли гузашта ҳамчун пизиши ихтиёрӣ дар Ғазза фаъолият мекард, дар як муколамаи матбуотӣ гуфт, ки шахсан шоҳиди ҷинояти зинда ба хок кардани ду кӯдаки фаластӣ аз ҷониби аскарони исроилӣ ва тирпарронӣ қасдии нерӯҳои лашкари Исроил ба сӯи кӯдакон будааст.
Ин пизишки ҷарроҳи ортопеди амрикоӣ дар Каролинаи Шимолӣ гуфт: “Аскарони исроилӣ ду кӯдаки фаластиро бо булдозери низомӣ ба дохили як қабри ҷамъӣ тела доданд ва сипас рӯи онҳоро бо хок пӯшониданд; дар ҳоле ки кӯдакон фарёод баланд карда ва ёрӣ мехостанд. Сипас садои фарёодҳои онҳо тадриҷан кам шуд, то он ки комилан хомӯш шуданд”.
Ӯ илова кард: “Баъдҳо, вақте ки қабрро кандем, пироҳани сурху сабзи ин кӯдакон ёфт шуд ва дасташон аз пушт баста шуда буд. Ин манзара нишондиҳандаи нафаҳмӣ ва ваҳшигарӣ аст, ки танҳо дар сурати зотӣ будани нафрат ва кина метавонад рух диҳад”.
Тирпарронии қасдӣ ба кӯдакон
Суханҳои пизишки мазкур дар бораи ҷиноятҳои аскарони саҳюнист ба ҳамин ҷо хотима наёфт, балки ӯ таъкид кард, ки тирпаррони лашкари Исроил қасдан кӯдакони фаластиниро дар Ғазза наслкушӣ мекарданд. “Ман ҳаргиз кӯдаконеро, ки дар Ғазза захмӣ ва тикка-тикка шуда буданд, фаромӯш намекунам. Онҳо қасдан аз оташи тирпаррони лашкари Исроил кушта шуданд ва мо санадҳо барои исботи ин ҷиноят дорем”.
Ин пизишки амрикоӣ тасреҳ кард: “Ман дар давоми давраи ҳузурам дар Ғазза байни охири апрели 2024 ва миёни майи ҳамин сол дар бемористонҳои Ғазза, шахсан шоҳиди ҳадаф гирифтани мустақими кӯдакон аз ҷониби тирпаррони лашкари Исроил ва наслкушии онҳо будаам ва ин амалҳо ҷиноятҳои ҷангии холис ҳисоб мешаванд”.
Марк Перлматтер ҳамчун муовини раиси донишгоҳи байналмилалии ҷарроҳон дар Иёлоти Муттаҳида гуфт: “Ман санаду маводде дорам, ки метавонанд шавоҳиди қонунӣ зидди лашкари Исроил дар судҳои байналмилалӣ бошанд. Нерӯҳои исроилӣ ба шакли систематик ва аз рӯи нажодпарастӣ, кӯдакони фаластиниро ҳамчун заифтарин ҳалқаи ҷомеа ҳадаф мегиранд”.
Ҷиноятҳои мустанад шуда аз ҷониби пизиши амрикоӣ нисбат ба кӯдакони Ғазза, намунаи ваҳшатноки вайронии ҳуқуқи башар аз ҷониби режими саҳюнистӣ мебошад, ки ба муҳокимаи ҷаҳонӣ фавран ниёз дорад.
Ин гувоҳии пизиши яҳудӣ-амрикоӣ ҳам ваҳшигарии аскарони саҳюнистро ошкор мекунад ва ҳам нақшаи нажодпарастонаи ҳазфи фаластиниёнро таъид менамояд; ҳамчунин сукути ҷомеаи ҷаҳониро низ ба чолиш мекашад.
https://tajikpress.com/2025/08