IQNA

Масҷиди “лаб-бар-санг” дар Туркия – макони ҷаззоб барои дӯстдорони табиат ва кӯҳнавардон

18:54 - August 31, 2025
рақами хабар: 3797
Масҷиди Кырклар, ки дар қуллаи сангине дар кӯҳҳои Суғонлу ҷойгир аст ва миёни вилоятҳои Байбурт ва Трабзон дар шимолу шарқи Туркия қарор дорад, ба як макони дӯстдоштанӣ барои кӯҳнавардон ва дӯстдорони табиат табдил ёфтааст — хусусан барои онҳое, ки дар муҳити зебои табиӣ як таҷрибаи маънавии амиқро меҷӯянд.

Ба нақли ИҚНО аз хабаргузории Анадолу:

Ин масҷид дар баландии тақрибан 3200 метр аз сатҳи баҳр сохта шудааст ва метавонад бо мошин ё тавассути роҳҳои танги кӯҳӣ дастрас гардад.

Он дар канори қаторкӯҳҳои сангини Ялчин, дар минтақае бо номи фалоти Кырклар, воқеъ аст ва яке аз баландтарин маконҳои ибодат дар Туркия ба шумор меравад.

Дар чунин баландӣ, гоҳе абрҳо аз зери по мегузаранд, гоҳе сар аз болои сар мебардоранд — табиат ба як саҳнаи афсонавӣ табдил меёбад.

Ин масҷид бо сангҳои маҳаллӣ сохта шудааст ва баъдтар бо масолеҳи чӯбӣ таъмиру навсозӣ гардидааст. Дар дохилаш ғайр аз масҷид, як утоқи хоб ва ошхона низ мавҷуд аст, то нафароне ки мехоҳанд шабро он ҷо бигузаронанд ва ба ибодат машғул шаванд, осуда бошанд.

Гарчанде ки таърихи аслии сохтани масҷид рӯшан нест, солҳо боз мардум барои намоз ва ибодат ба ин макон мераванд. Аммо дар солҳои охир, он ба як қисми маъмул аз масирҳои дӯстдорони табиат ва сайёҳони маҷароҷӯ табдил ёфтааст.

Ҳамчун як бахше аз чорабиние, ки Клуби кӯҳнавардии Гюмӯшҳане ташкил кард, даҳҳо нафар аз гӯшаву канори Туркия сафари кӯҳнавардиро оғоз карданд. Онҳо дар миёни табиати бӯйгир ва нотакрор ба сӯи масҷиди “баланд-болои абрҳо” роҳ пеш гирифтанд.

Онҳо ба қулла расиданд, намоз хонданд ва акс гирифтанд, то зебоии ин манзараро сабт кунанд.

Мустафо Акбулут, раиси клуби кӯҳнавардии Гюмӯшҳане, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Анадолу гуфт:

“Мо ду маротиба кӯшиш кардем, ки ба масҷид бирасем, аммо обу ҳавои номусоид монеъ шуд.

Ин бор хушбахтона тавонистем ба қулла бароем. Манзараи "бахри абрҳо" ва қуллаи атроф моро шигифтзада кард.”

Саҳар Полат, як кӯҳнавард, чунин изҳор кард:

“Мо аз ҷойҳои баланду тамошобоб гузаштем, сипас ба роҳи пуршӯр ва душворе расидем, то ба масҷид бирасем.

Вақте ба қулла расидем, эҳсоси маънавии амиқ доштем — шумо аз ҳар тараф дар иҳотаи абрҳо ҳастед.”

Масҷид бо барқ ва об дар 3200 метр

Ба гуфтаи Саҳар:

“Бо вуҷуди баландии зиёдаш, масҷид бо барқ ва оби лӯлакаш таъмин аст. Мо он ҷо ҷамъ шудем, намоз хондем — ва ин як таҷрибаи фаромӯшнашаванда буд.”

4302476

captcha