Ба гузориши манобеи хабарӣ таҳсили ҷадид барои донишомӯзон дар Ғазза дар ҳоле фаро мерасад, ки бахши умдаи мадорис дар бомбаборони режими саҳюнистӣ вайрон шуда, зерсохтҳои ҳаётӣ аз байн рафта ва бисёре аз муаллимон ва донишомӯзон дар ҷараёни ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд. Бо ин ҳол ба гуфтаи рӯзномаи «The Wall Street Journal» гурӯҳе аз масъулон ва хонаводаҳо ба думболи роҳиҳалҳои ҷойгузин ва инфиродӣ барои мувоҷиҳа бо ин вазъият ҳастанд.
Соли таҳсилии ҷадид дар Навори Ғазза дар ҳоле оғоз мешавад, ки ин минтақа пас аз амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо беш аз 11 моҳ аст шоҳиди ҳамалоти шадид аз сӯи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ будааст.
Бар асоси гузориши Созмони Милал, ҳамалоти режими саҳюнистӣ бахши бузурге аз зерсохтҳои ҳаётӣ дар бахши Фаластин аз ҷумла марокизи омӯзиширо вайрон кардааст. Зерсохтҳое, ки пештар пазирои ҳудуди якмилион донишомӯз буд.
Вазорати омӯзишупарвараш ва омӯзиши олии Навори Ғазза якшнбе 15 сентябр бо интишори баёнияе эълом кард, ки дар ҷараёни ҳамалоти артиши режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба Ғазза беш аз 25 ҳазор кӯдак шаҳид ва захмӣ шудаанд, ки аз ин миён 10 ҳазор нафарро донишомӯзон мактаб ташкил медиҳанд ва 90 мактаб низ тахриб шудааст.
Пас аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза дар соли гузашта, донишомӯзони мадорис ва донишҷуён донишгоҳҳои ин минтақаро аз тадовуми раванди таҳсилии худ маҳрум сохтааст. Бахши азиме аз ин донишомӯзон ва донишҷуён овора шудаанд. Дар пай ҳамалоти режими саҳюнистӣ ва вайрон шудани маҳаллот ва манотиқи маскунӣ дар бахшҳои мухталифи Навори Ғазза аз пайвастан ба раванди омӯзишӣ маҳрум шудаанд. Бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар натиҷаи бомбаборонҳои мустамари маҳаллот ва манотиқи маскунӣ дар бахшҳои мухталифи Навори Ғазза ҳудуди 1,9 миллион нафар (дар Навори Ғазза) овора шудаанд бахши зиёде аз ин оворагон дар ҷараёни ҳамалоти режми палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ борҳо маҷбӯр ба тарки маҳалли сукунати муваққати худ шуданд.
Вайронии низоми омӯзишӣ дар Навори Ғазза
Дар баёнияи вазорати омӯзиш ва парвараш ва омӯзиши олии Ғазза, ки пештар ба он ишора шуд, тасреҳ шудааст дар пайи ҳамалоти режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ сохтумони 307 мактаби давлатӣ ба таври комил вайрон шудааст. Ин мадорис болиғ бар 90 дарсад мадориси Ғазза аст.
Ин вазоратхона хотирнишон кард ин ҷанг дар ҳоле вориди нахустин солгарди оғози худ мешавад, ки аз оғози ҷанг беш аз 630000 донишомӯзи духтар ва писар аз таҳсил бозмондаанд. Аз сӯе 58 ҳазор кӯдак низ аз оғози таҳсил дар соли ҷорӣ бозмондаанд. Ҳамчунин 39 ҳазор донишомӯз низ қодир ба ҳузур дар имтиҳоноти дабиристон нашудаанд.
Сарпарасти ожонси имдод ва кори Созмони Милали Муттаҳид барои оворагони фаластинӣ бар тааҳҳуди UNRWA ба ироаи куллияи хадамот ба сокинони урдугоҳҳои оворагон мутобиқ бо дастуруламали омӯзишӣ ва беҳдоштии Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард ва ҳамкорӣ бо ниҳодҳои мардумӣ ва давлатӣ барои таъмир ва бозсозии зерсохтҳои мавҷуд таъкид кард.