IQNA

Дар баёнияи поёнии сию ҳаштумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ матраҳ шуд;

9:33 - September 23, 2024
рақами хабар: 2146
Таъкид бар ҳамкории уммти исломӣ барои таҳаққуқи аҳдофи муштарак

ИКНА -Сию ҳаштумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ дар баёнияи поёнии худ таъкид кард: террорҳои густурдаи раҳбарони муқовимат ва қатлиъоми бераҳмонаи мардуми мазлуми Фаластин аз яксу ва ҳимояти қотеъи кишварҳои ғарбӣ аз ҷинояти ин режим аз сӯи дигар, ҳамкории кишварҳо ва уммти Исломиро барои таҳаққуқи арзишҳо ва аҳдофи муштарак бештар аз ҳар замони дигаре зарурӣ менамояд.

Ба гузориши ИКНА, сию ҳаштумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ, асри дирӯз шанбе, бо интишори баёнияи поёнӣ ба кори худ поён дод.

Матни баёния ба шарҳи зер аст:

Бисмил-лоҳир-раҳмонир-раҳим

"إِنَّ هَذِهِ أُمَّتُكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَأَنَا رَبُّكُمْ فَاعْبُدُونِ" (Анбиё/92)

Ба фазл ва инояти Худои Мутаол, маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ, сию ҳаштумин конфронси байналмилалии Ваҳдати Исломиро аз таърихи 15 то 17 Рабеул-Аввали 1446 дар Теҳрон бо унвони «Ҳамкориҳои исломӣ барои дастёбӣ ба арзишҳои муштарак бо таъкид бар масъалаи Фаластин» ва бо ҳузур ва суханронии раисҷумҳури мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Масъуди Пизишкиён ва ҷамъе аз барҷастатарин олимон ва андешамандони ҷаҳони Ислом баргузор кард.

Ин конфронс дар шароите баргузор мегардад, ки ҷаҳони Ислом оканда аз ғам ва андӯҳ ба хотири ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими ғосиби саҳюнистӣ аст. Террорҳои густурдаи раҳбарон ва фармондаҳони муқовимат ва қатлиъоми бераҳмонаи мардуми мазлуми Фаластин аз яксу ва ҳимояти қотеъи кишварҳои ғарбӣ аз ҷинояти ин режим, ҳамкории кишварҳо ва уммти Исломиро барои таҳаққуқи арзишҳо ва аҳдофи муштарак, бештар аз ҳар замони дигаре зарурӣ менамояд.

Режим ғосиби саҳюнистӣ ба паштвонаи истикбори ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ду барномаи асосиро думбол мекунад:

Аввал: Ишғоли ҳамаи арозии Фаластин бо куштори мардуми бегуноҳ аз кӯдакон ва занон ва куҳансолон ва ҳамчунин муҳосира ва мумониъат аз ирсоли кумакҳои инсондӯстона, қатъи об ва барқ ва ниёзҳои аввалия; Ва овора кардани ҳудуди 2 миллион ғайри низомӣ.

Дувум: Машрӯъиятсозӣ барои ҳувияти ҷаълии худ бо одди созии равобит бо кишварҳои исломӣ.

Умед аст кишварҳои исломӣ бо ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ битавонанд монеъи таҳаққуқи аҳдофи шувми душманони Ислом бошанд.

Зимни бузургдошти зодрузи мелоди Паёмбари Гиромии Ислом, дар сию ҳаштумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ 250 шахсияти барҷастаи ҷаҳони Ислом ба сурати ҳузурӣ ва 234 шахсият ба сурати вебинорӣ суханронӣ карда, беш аз 300 мақолаи илмии муртабит бо масъалаи Фаластин ва ҳамкориҳои исломӣ барои дастёбӣ ба арзишҳои муштарак, мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар поён ширкаткунандагон дар сию ҳаштумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ маротиби тақдир ва ташаккури самимонаи худро аз имом Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хотири истиқболи гарм аз меҳмонони конфронс ва суханон ва раҳнамудҳои ноб ва амиқи ишон иброз доштанд ва аз талошҳои раисҷумҳури фақиди Эрон ҳазрати оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ ва вазири хориҷаи фақид доктор Ҳусайни Амирабдуллҳиён барои таҳаққуқи ваҳдати калима дар байни мусулмонон ва тақвияти ҷабҳаи муқовимат қадрдонӣ карданд.

Вассалому алайкум ва раҳмтуллоҳи ва баракотуҳ

Шӯрои олии маҷмаъи ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ

Сию ҳаштумин конфронси Ваҳдати исломӣ

https://iqna.ir/fa/news/4237806

captcha