Ба гузориши равобити умумӣ ва иттилоърасонии созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, ҳамзамон бо вилодати Паёмбари Аъзам (с) ва ҳафтаи Ваҳдат, бистумин нишасти маҷмаъи байналмилалии мусулмон бо унвони «Масири сулҳ: гуфтугӯ мабнои ҳамзистии ҳамоҳанг» дар Маскав пойтахти Русия баргузор шуд ва ҳуҷҷатулислом Муҳаммадмаҳдии Имонипур, раиси созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, аз суханронони вижаи ин рӯйдоди бузурги динӣ буд.
Вай дар ибтидои суханони худ, бо ибрози хурсандӣ аз баргузории бистумин нишасти маҷмаъи байналмилалии мусулмонон дар Маскав, иброз кард: Аз мизбони мӯҳтарам ҷаноби оқои шайх Равил Айниддин риёсати идораи динии мусулмонони Федератсияи Русия барои даъваташон сипосгузорам ва сиюмин солгарди таъсиси идораи динии мусулмони Русия ва институти исломӣ ба заомат ва мудирияти ишонро гиромӣ медорам.
Имонипур афзуд: Дар ибтидо моилам мелоди Паёмбари меҳрубонӣ ва муслеҳи бузург, ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва олиҳиро хидмати шумо табрик арз кунам ва ибтикори ҷанобии оқои шайх Равил Айниддинро дар баргузории ин нишаст, ҳамзамон бо ҳафтаи Ваҳдатро ба фоли нек бигирам. Дар воқеъ ба таъбири худ ишон, ин гирдиҳамоӣ, нишасти тақриби мазоҳиби исломӣ дар Маскав аст.
Раиси созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ хитоб ба уламои динӣ, иброз кард: акнун, ки дар рӯзи ҷаҳонии сулҳ қарор дорем ва меҳвари гуфтугӯҳои ин нишаст низ мавзӯъи сулҳ аст.
Ҳимояти ҷаҳони Ислом аз миллати мазлуми Ғазза ва Фаластин
Вай ҳамчунин баён кард: Имрӯз масъалаи аслӣ ва меҳвари ҷаҳони Ислом «ранҷ ва ситаме аст, ки мутаваҷҷеҳи мардуми мазлуми Ғазза ва Фаластин аст». Наслкушӣ ва ҷинояте, ки дар Ғазза сурат мегирад ва сукут ва ҳамроҳии Амрико ва Ғарб бар ин ҷиноёти бесобиқа, пӯшолӣ будани мафҳуми ҳуқуқи башари амрикоӣ ва стандартҳои ду гонаи Ғарбро ба рухи ҷаҳониён мекашад. Уламои Ислом ва раҳбарони адён дар ин бурҳа аз замон, беш аз ҳар замоне масъулият доранд. Аввалан масъулияти табйини ҳақоиқ ва сониян талоши бевақфа барои таҳаққуқи гуфтугӯ ва сулҳи одилона.
Зарурат роҳандозии парлумони қуръонии ҷаҳони Ислом барои ҳимоят аз сулҳ
Вай ёдовар шуд: Умедворам гуфтугӯҳои созанда дар ин нишаст заминаи сулҳ оҷил ва одилона дар Ғаззаи мазлум ва Лубнони муқовимро тасҳил кунад. Дар поён аз онҷо ки китоби муқаддаси мо мунодии сулҳ ва дӯстӣ аст, пешниҳод мекунам парлумони қуръонии ҷаҳони Ислом барои ҳимоят аз сулҳ бо ҳамкории кишварҳои ҷаҳони Ислом таъсис шавад.